(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 баргузор гардид.

Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада нишасти матбуотиро ифтитоҳ бахшида иттилоъ дод, ки самти фаъолияти муассисаи таълимӣ асосан ба татбиқи чор ҳадафи стратегии мамлакат равона намуда, дар ин ҷодаҳо мутахассисонро омода месозад.
Дар чор факултети донишкада – информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ - иқтисодӣ аз рӯи аз рӯйи 29 ихтисос; дар зинаи бакалавриат шакли таҳсили фосилавӣ аз рӯйи 5 ихтисос ва ҳамчун таҳсилоти дуюм аз рӯйи 18 ихтисос; дар зинаи магистратура аз рӯйи 18 ихтисос; дар зинаи докторантура (PhD) аз рӯйи 9 ихтисос мутахассисонро омода мекунад. Ба ба 3561 нафар донишҷӯёну магистрантон ва докторантон 176 нафар омӯзгорон, ки аз ин шумор 8 нафар профессорон, 68 нафар, номзадони илм, дотсентон, 54 нафар омӯзгорони калони бе унвони илмӣ, 46 нафар ассистентон дарс медиҳанд. Ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта – 43,4% -ро ташкил медиҳад, ки ба меъёре, ки барои донишкадаҳо (35%) муайян шудааст, мувофиқат мекунад. Дар соли 2022 57 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузашта, дар маҷмӯъ дар 5 соли охир 176 нафар омӯзгорони Донишкада дар муассисаҳои таълимии ватанӣ ва хориҷи кишвар такмили ихтисос карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2022 аз тарафи омӯзгорони Донишкада зиёда аз 24 китобҳои таълимӣ, 260 мақолаҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз нашр бароварда шудааст, ки он нисбат ба соли 2021 20% зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 8 адад монография, 12 мақолаи сатҳи СКОПУС, 67 мақола дар нашрияҳои тақризшаванда (КОА), 68 мақолаҳои РИНЦ ба нашр гардида, 5 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 3 нахустпатент, 9 адад санад оид ба тадбиқи кори илмӣ гирифта шудааст.

Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон қайд кардаанд: “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем. Зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад”.

Вобаста ба амалисозии ин ҳадафи чоруми стратегӣ Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамчун маскани асосӣ доир ба омода намудани кадрҳои муҳандисӣ дар рушди соҳаи саноати вилояти Суғд эътирофу муайян гардида, дар ин смт нақши муассир дорад. Дар донишкада аз рӯйи ихтисосҳои Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд; Таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ (зинаи бакалавриат), Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ (магистратура), Технология ва лоиҳакашии маҳсулоти саноати сабук (докторантура) ва ғайраҳо мутахассисони ҷавобгӯ бабозори меҳнат омода карда мешавад. Танҳо дар давоми 10 соли охир зиёда аз 600 нафар донишҷӯён донишкадаро хатм намуда, дар корхонаҳои истеҳсолии саноати сабук ба кори доимӣ фаро гирифта шуданд.

Дар солҳои 2021 - 2022 12 нафар устодон ва шогирдони донишкада дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Чунончӣ устоди кафедраи барномарезӣ ва низоми иттилоотии донишкада Худойбердиев Х.А. дар номинатсияи ихтироъ ва навоварӣ сазовори ҷойи сеюм, устод Охунов З. ҷойи ифтихории чорум гашта буданд. Дар соли 2022 бошад, донишҷӯён Дадохонов Мирзомуин аз номинатсияи технологияи информатсионӣ ҷойи 2 ва Зохирова Меҳрангез аз номинатсияи химия сазоври ҷойи 3 гаштанд. 4 донишҷӯён бо ифтихорномаи Президенти АМИТ сарфароз гардонида шудаанд.
Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон Абдуҳамид Ҷӯраев, Робия Розиқова, Маъмурахон Самадова, Чаманоро Абдуллоева, Афзал Босолиев, Нуъмон Раҷабзода, Нурбибӣ Бобоева, Фарзона Шамсиева ва дигарон доир ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муносибатҳои байналхалқии донишкада саволҳо манзур гардида, аз ҷониби директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...