(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, модарони наваскарон, намояндагони касбу кори гуногун, аҳли фарҳанг, табибон, наврасону ҷавонон бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода бо мақсади аёдати сарбозон ба истиқболи 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке қисмҳои низомии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Зимни суханронии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки таърихномаи начандон тӯлонӣ, вале пур аз саҳифаҳои шуҷоату далерӣ доранд, фаъолияти худро соли 1993 дар марҳалаи ниҳоят мураккаби давлатдории навини халқи тоҷик ҳамчун ниҳоди асосии ҳимоякунандаи сохти конститутсионӣ ва таъминкунандаи тамомияти арзии мамлакат оғоз кардаанд. Мо хуб дар ёд дорем, ки қисму воҳидҳои ҳарбии Артиши миллӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор доштанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ барои таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо шароити зарурӣ таъмин кардани онҳо тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонид, то ин ки Артиши миллӣ, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба неруи воқеан муосир ва ҳомии истиқлолу озодии давлати тоҷикон, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии орому осудаи мардуми тоҷик табдил дода шаванд.

Фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бо ҷоннисорӣ, ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории фарзандони содиқи Ватан, аз ҷумла аскарону афсарони далеру шуҷоъ ба даст омадааст ва ҳимояи он имрӯз ҳамчун вазифаи масъулиятноку бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.

Бахтиёр Исматҷонов,раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ баромад карда, доир ба нақшу эътибор ва салоҳияти имрўза Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард. Зикр гардид, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи хушку холӣ таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи навсозии Артиши миллӣ имрӯз дар тамоми қисму воҳидҳои низомии сохторҳои қудратии мамлакат барои афсарону аскарон пойгоҳҳои ҳозиразамони ҳарбӣ бунёд гардидаанд. Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳои рӯзафзун аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.

Муовини командири қисми низомии Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Иброҳим Назарзода барои чунин иқдоми неки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр арзи миннатдорӣ намуд.

Сипас озмуни “Тирандози беҳтарин”, ки бйни сарбозон ва афсарони қисми низомӣ ташкил шуда буд, натиҷагирӣ ва ғолибон қадршиносӣ гаардид.

Барномаи фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Аёдатрафтагон ҳамзамон бо шароити хизмати сарбозон аз наздик шинос гардида, бо онҳо суҳбати самимӣ ва озоду ошкоро карданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...