(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ба ҳолати 1.01.2023 дар мувозинаи бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд 13-адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 1 адад Маркази фарҳанг, 2 адад Хонаи маданият, 3 адад мактаби санъати бачагона, 1 адад мактаби мусиқӣ ва 1 адад мактаби рассомии бачагона, Арт-галереяи «Сомониён», “Хона-осорхонаи этнографии Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов” ва Хона-осорхонаи расмии «Эргашбойбача», ансамбли наврасон ва ҷавонони санъати мусиқии классикии «Шашмақом» ва ансамбли рақсии бачагонаи “Парниён”, муассисаи давлатии “Маҷмааи маърифатӣ-фарҳангии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ” фаъолият доранд.

Зикр бояд намуд, ки дар ин давра 264 адад чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бо иштироки 74 ҳазор нафар иштирокчиён ташкил ва гузаронида шуданд.  

Дар доираи чорабиниҳо эҷодкорону ҳунармандони шаҳр дар чорабиниҳои гуногунсатҳ фаъолона иштирок намуда, беҳтарин намунаи эҷодии онҳо, шеъру оҳангҳои баландмазмун, асарҳои рассомӣ, ҳунарҳои наққошӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, дуредгарӣ,оҳангарӣ, сандуқу гаҳворасозӣ, атласу адрасбофӣ, гулбофӣ, сўзанидўзӣ, зардўзӣ, қуроқдўзӣ, тоқидўзӣ, дўзандагӣ дар намоишгоҳҳо барои тамошо гузошта шуда,  аз ҷониби мутахассисону томошобинон сазовори баҳои баланд гардиданд.

Дар Арт-галереяи “Сомониён”-и шаҳри Хуҷанд 8 маротиба намоишҳои асарҳои рассомони ҷавону умедбахш ва устодони собиқадори санъати рассомӣ дар доираи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ташкил, 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Чунин намоишҳо дар шуъбаҳои рассомӣ ва ҳунарҳои бадеии мактабҳои санъат ва рассомии бачагона баргузор гардиданд.

Дар ин давра дар хона – осорхонаи этнографии хонаи расмии “Эргашбойбача” бахшида ба “Рўзи шашмақом” маҳфили телевизионӣ таҳти унвони “Навои ҷон” ташкил ва гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар Кохи фарҳангии “Суғдиён” консерти ҳисоботии ансамбли наврасон ва ҷавонони санъати мусиқии классикии Шашмақом бахшида ба ҷашн баргузор гардид.

Дар арафаи таҷлили ҷашни “Рўзи Артиши миллӣ” аз ҷониби кормандони муассисаҳои фарҳангии шаҳр дар қисмҳои ҳарбӣ вохўриҳо ва барномаҳои консертӣ доир гардиданд.

Ҳамчунин, бо иштироки афсарону аскарони қисмҳои низомии қаламрави вилоят озмуни “Таронаи сарбоз” дар Муассисаи давлатии вилоятии “Кохи фарҳанги ба номи Абўабдулло Рўдакӣ” ташкил ва гузаронида шуда, ғолибон бо Диплом ва мукофотҳои арзишманд сарфароз гардиданд. Ба муносибати ҷашн мавзеи ҷойгиршавии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, ки аз диловариҳои падарони шўҳратмандамон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дарак медиҳанд, боз ҳам ободу зебо гардонида шуданд.

Дар  мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомии бачагонаи шаҳр вохўриву мулоқотҳо ва намоишҳои маҳсули ҳунариву эҷодӣ бо иштироки афсарону аскарон ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони байналмилал, иштирокчиёни бартарафкунии садамаи  нерўгоҳи барқӣ - атомии Чернобил дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ гузаронида шуданд.

Давоми се соли охир кормандони муассисаи шаҳр, аз ҷумла ҳунармандону эҷодкорон, кормандони оммавӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявии телевизионии “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурўғи маърифат” фаъолона иштирок намуда ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд.

Бахшида ба таҷлили ҷашни миллии “Сада”, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлол” ва Қасри варзиш баргузор гардид, барномаи театрикунонидашуда, хаймаҳои  идона ороста шуда, маҳсули ҳунармандон, таъомҳои  миллӣ, шириниҳо, гулу гулбуттаҳо, дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда ба намоиш гузошта шудаанд,  ки инъикоскунандаи беҳтарин намунаҳои санъату ҳунармандӣ, расму оинҳои аҷдодӣ ва суннатҳои камназири гузаштагони фарҳангпарвару бунёдкорамон мебошанд.

Илова бар ин, дар назди театри Мазҳака-мусиқии ба номи К.Хуҷандӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби васеи тамошобинон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Санаи 22 сентябр дар назди муҷассамаи А.Рўдакӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ маросими гулчанбаргузорӣ доир гардид.

Роҳбари Хона - осорхонаи “Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов”- и шаҳри Хуҷанд санаҳои 17 то 19 феврали  соли 2022  дар  семинаре, ки  дар  Вазорати  фарҳанги  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  “Осорхонаи миллӣ” баргузор гардид, иштирок намуд. Инчунин, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ вазифадор гардиданд, ки дар мавриди муносиб ба “Осорхонаи миллӣ” ташриф оварда, таассуротҳои хешро ба хонандагони мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомӣ баён намоянд.

Боиси тазаккур аст, ки 2 нафар кормандони соҳаи фарҳанг барои идомаи таҳсил ба факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 1нафар ба шуъбаи китобдории Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз дохил гардиданд. Инчунин, соли хониши 2021- 2022 1 нафар корманди бахши фарҳанги шаҳр барои идомаи таҳсил ба шуъбаи китобдории факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил гардид.

Ҷиҳати бо созҳои мусиқӣ, бахусус созҳои миллӣ таъмин намудани мактабҳои мусиқӣ, санъат ва Хонаҳои маданият пешниҳоду дархостҳо аз муассисаҳои фарҳангӣ мавриди назар қарор дода шуда, бо пайдо гардидани имкониятҳо ҳалли худро меёбад. Айни ҳол, доири таъминот бо созҳои мусиқӣ мушкилии ҷиддӣ вуҷуд надорад.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...

Youtube