28 Декабр 2022
Имрўз бахшида ба Соли нави милодӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кўдак”бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода маҳфили идона баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кўдаконро бо фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният гуфта, барояшон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба тарбияву парастиши ин қишри ҷомеа хеле бузург аст.
Зикр гардид, ки ҳамасола бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ба Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кўдак” таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад ва кўдакони ин Марказ бо тамоми шароиту имтиёзот тааъмин карда шудаанд. Барои онҳо мураббиёни моҳиру дилсўз таълиму тарбия медиҳанд.
Роҳбарияти Марказ ва тарбиятгирандагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат миннатдорӣ баён намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон зимни суханрониҳояшон борҳо таъкид дошта буданд, ки «ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон ва иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам».
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд