(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд бо садо додани Суруди миллӣ таҳти роҳбарии Раиси шаҳр, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он Анвар Яъқубӣ, вакилони шаҳрӣ, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Вакилон баъди гузаронидани тартиботи муқарраршудаи иҷлосия ба баррасии рӯзномаи он шуруъ намуданд.

Нахуст аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Ҳисоботи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар 11 моҳи соли 2022 ироа карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар 11 моҳи соли ҷорӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бармеояд, инчунин тибқи иҷрои нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои муассир роҳандозӣ карда шуд.

Боиси тазаккур аст, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои асосии ҳуҷҷати “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чораҳои зарурӣ андешида, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, саноатикунонии босуръат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, илова бар ин суръатбахши самти шуғли пурмаҳсул, тамоми имкониятҳо истифода шуда истодааст.

Барои бо натиҷаҳои назаррас ва дастовардҳои арзанда ботантана ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳр бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ ва сохтмону шаҳрсозӣ, дастгирии соҳибкорӣ, маърифати ҳуқуқии сокинон ва инкишофи ҳунарҳои мардумиро ҳамчун яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ роҳандозӣ намуд.

Дар натиҷа,дар давраи ҳисоботӣ ҳамаи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта пурраю барзиёд таъмингардид.

Дар музокираи масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат ва энергетика, нақлиёту коммуникатсия, хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Маҳастӣ, №2 Дилафрӯз Саидӣ баромд намуда, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дар самти суръатбахшии истеҳсолот, эҳёи рушди ҳунарҳои миллӣ, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дар соли 2022 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дастовардҳои назаррасро ноил шудааст.

Саноат яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб меравад ва баробари бунёди коргоҳҳо иқтисодиёт пеш рафта, некўаҳволии мардум рў ба беҳбудӣ мениҳад. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатчиёни шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, таҳкими нуфузи шаҳри Хуҷанд ҳамчун минтақаи саноатӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила тадбирҳои судманд андешиданд.
Соҳибкорону саноатчиёни шаҳр таҷрибаи бои давлатҳои мутараққиро омўхта, баҳри ворид кардани таҷҳизоти наву замонавӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар соли таҷлили ҷашни 30 солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олӣ ва истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр зиёда аз 34 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 224 ҷойи нави корӣ бунёд гардида, шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолии калону хурд ба 205 адад расидааст.

Коркарди нахи пахта, истеҳсоли ришта, матоъ ва маҳсулоти дўзандагӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини саноати сабук ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ҷавонӣ”, “Сатн” ва “Нассоҷи Хуҷанд” силсилаи пурраи коркарди нахи пахтаро дарбар мегирад.

Шаҳри Хуҷанд аз рўи барномаҳои давлатии қабулкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сўи мамлакати саноатӣ қадам гузошта, талабот ба мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ хеле зиёд шуда истодааст. Бинобар ин, соҳаи маорифро зарур аст, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд.

Зимни баррасии масъалаҳои “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2022” ва «Дар бораи қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2023 ва тасдиқи ҳисоботи буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2021» сардори Раёсати молияи шаҳр Абдусалом Бобоҷонзода баромад намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки буҷети соли 2023 дар ҳаҷми 595 милион сомонӣ қабул карда мешавад, ки нисбати буҷаи соли 2022 беш аз 38 милион ё худ 7 фисад зиёд аст.

Дар баррасии лоиҳаи буҷет муовини раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Дуредгарон”, №6 Меҳрдод Қаҳҳорзода баромад намуд.

Сипас вакилон «Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Хубҷам, № 33 Маърифат Анвароваро шуниданд.

Дар ҷараёни иҷлосия вакилон қарорҳои Раиси шаҳр, ки дар давраи баъди иҷлосияи пешинаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр қабул шудаанд, тасдиқ намуданд.

Сипас дар назди вакилон муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баромад намуда, доир ба дастоварди самтҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд давоми 11 моҳи соли 2022 ибрози назар намуд.

Раиси шаҳр, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баромад намуда аз ҷумла таъкид дошт, ки мардуми сарбаланди Хуҷандшаҳр дар соли таърихии 2022 ҷашни 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншоотҳои гуногуни маишию маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбон, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра бунёд гашта, шаҳри Хуҷанд симои тоза ба бар кард. Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ба даст омадааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паём аз 21 декабри соли 2022 қайд карданд, ки “Мо барои ояндаи неки мардумамон, ба хотири тақвияти иқтидори иқтисодии давлатамон, ободии Ватанамон ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқамон пойдевори мустаҳкам гузоштем. Нақшаҳои созандаи мо дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ ва барномаҳои муҳим тарҳрезӣ гардидаанд”.

Аз ин лиҳоз бояд ҳар яки мо ба хотири ободии Ватан, рушди давлат аҳлона заҳмат кашида, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми содиқонаву ватандўстона гузорем.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми Хуҷандшаҳр барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро бо амри дил иқдом намуда, дар соли нави 2023 тамоми саъю талоши ватандўстонаамонро ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи нақшаҳои саноатикунонӣ, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сафарбар месозем.

Бо садо додани Суруди миллӣ ба кори Иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...