26 Сентябр 2014
Раиси шаҳри Хуҷанд доири беҳтар намудани шароити ҳуҷраҳои хоб машғулият бозӣ ва фароғати кӯдакистони мазкур ба роҳбарияти шуъбаи маориф ва мудири боғча дастурҳои мушаххас дод. Лозим ба ёдоварист, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои боғчаи мазкур катҳои хоби кӯдакона харидорӣ шудааст.
«Ҳамсола баробари беҳтар намудани шароити боғчаҳои дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дошта, барои на камтар аз 500 нафар кӯдакон ҷойҳои нав ва кӯдакистон бунёд намоем, давоми солҳои наздик муаммои ҷойгир намудани кӯдакон дар боғчаҳои шаҳр комилан аз байн меравад». Ҳамчунин масалаҳои таъмини ғизонокии кӯдакон ободии мавзеи кӯдакистон, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардиданд.