(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи ҷумҳуриявии амалӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Аюб Усмонзода ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба шинохти таъриху тамаддуни шаҳрдорӣ ва шаҳрнишии халқи тоҷик ибрози ақида намуда, афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ҳамчун роҳбари олии сиёсии мамлакат ба нақши шаҳрҳои бостонии кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанду Саразм, Панҷакенту Кўлоб ишораҳои сареҳ намуда, ба Хуҷанд ба сифати яке аз шаҳрҳои муҳими илмиву фарҳангӣ баҳои сазовор додаанд.

Профессор Усмонзода Аюб қайд намуд, ки Хуҷанди бостонӣ дар ҳамаи марҳилаҳои сарнавиштсози халқи тоҷик ба як мактаби боризи худсозӣ ва хештаншиносӣ, ваҳдату ягонагӣ табдил ёфта, барои таъини сарнавишти халқу ҳиммат нақши барозанда бозидааст.

Сипас, муовини Раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба самъи иштирокдорон ироа намуд. Мавсуф иброз дошт, ки таърихи хеле қадиму пурғановати Хуҷандшаҳр ба қаъри асрҳо меравад ва саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он боиси ифтихор ва ибрати мо аст. Дар ин авроқи рангин сарнавишт, рўзгор ва роҳи бузурги тайкарда, таҷрибаи мардум, пайванди асрҳо ва наслҳо, афтодану хестанҳо, ободонию сохтанҳо, гузаштаи қаҳрамонона ва ҳаёти имрўзаи сабзу хуррам ва ҷовидонаи шаҳр ва сокинони он таҷассум ёфтааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо меҳнатдўстӣ, сабру таҳаммул, тамкину бурдбории худ барои тамоми ҷумҳурӣ намунаи ибрат ва боиси ифтихор буданду ҳастанд». Дар фарҷом Фирӯза Нуруллозода зикр дошт, ки хидмати олимон дар шинохти таърихи Хуҷанд ва ба имрӯзиёну ояндагон расонидани ҳақиқати таърихӣ калон буда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омода аст дар чопи китоби илмиву таърихӣ дар бораи шаҳри Хуҷанд саҳми худро гузорад.

Дар идома устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Набиҷон Раҳимов дар мавзуи «Мероси таърихии Хуҷанд: ёдгории меъмории асрҳои Х11- Х1V», дотсент Нуруллохон Ғиёсов дар мавзуи «Мевае аз дарахти пурбори Истиқлол» ва декани факултети забонҳои Шарқ Ислом Раҳимов дар мавзуи «Мероси фарҳангии Хуҷанд дар замони Истиқлол» маърӯза ироа намуданд.

Дар баромадҳо расму одатҳои хос ва мероси фарҳангии Хуҷанд, ки дар давраи Истиқлол омўзиши он ба як марҳалаи навин ворид гардидааст, симои халқи тоҷикро ҳамчун сокинони шаҳрнишин ва шаҳрофар муаррифӣ менамояд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки пас аз қисми ифтитоҳӣ конференсия аз рӯи ду бахш дар факултети филологияи тоҷик, таърих ва ҳуқуқ ба кори худ идома бахшид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...