(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд аз сифати таълими кӯдакони иллати шунавоӣ ва нутқ дошта ошно шуд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ва шароити хонандагони мактаб-парваришгоҳи махсуси ёрирасони шаҳри Хуҷанд ба ин муасисаи таълимӣ омад.
Соли равон як гурӯҳ волидайне,ки фарзандонашон нуқсони шунавоӣ ва нутқ доранд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо дархости ташкили синфҳои махсуси таълими барои чунин  кӯдакон муроҷиат намуда буданд. Зеро дар шаҳри Хуҷанд  барои таълими кӯдакони нуқсон дошта шароит мавҷуд набуд.
Бо назардошти ин дархост дар мактаб-парваришгоҳи ёрирасони маркази вилоят дар ду синфи махсуси таълимӣ бо тамоми шароитҳои мавҷуда ташкил карда шуда, 19 нафар кӯдакони синни мактабӣ,ки иллати шунавоӣ ва нутқ доранд имконияти мактабравиро пайдо намуданд. Ба онҳо 2 нафар омӯзгор ва як нафар нуқсоншинос таълим медиҳанд. Раиси шаҳри Хуҷанд аз сифати таълими кӯдакони иллати шунавоӣ ва нутқ дошта ошно шуд.Раиси шаҳри Хуҷанд баъди шиносии ҳаматарафа аз рафту сифати таълими ин кӯдакон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳангоми сӯҳбат тарбиятгарон аз Раҷаббой Аҳмадзода дархост намуданд, ки барои қабули духтур-асабшинос ва таъмини доруворӣ мусоидат намояд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба мудири маорифи шаҳр ва роҳбари дастгоҳ супориш дод,ки барои ҷудо намудани воҳиди корӣ,қабули духтур асабшинос ва таъмини доруворӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чораҳои фаврӣ андешанд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҷараёни барои кӯдакони ақлан сустинкишофёфта, низ ошно шуд. Ҳоло дар ин парваришгоҳи махсус 208 нафар чунин наврасон ба таълиму нигоҳубини махсус фаро гирифта шудаанд.Ҳайати кормандон 70 нафар буда, ба ғайр аз таълим бо усули махсус наврасони имконияташон маҳдуд ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб карда мешаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳсули меҳнати таълимгирандагони мактаб ва синфхонаҳои махсусгардонишуда, ки барои омӯзиши ҳунарҳои либосдӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ пешбинӣ шудаанд дидан намуд.
Дастур дода шуд,ки ба мактаби мазкур ду дастгохи адрасбофӣ низ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд харидорӣ карда шуда, таълими ин ҳунари мардумӣ низ ба роҳ монда шавад.Ҳамчунин тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд иқтидори дегҳои гармидиҳии мактаб-парваришгоҳ зиёд карда шуда, барои дар ҳарорати лозима нигоҳ доштани ҳуҷраҳои хобу таълими мактаб шароит фароҳам оварда мешавад.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд ду нафар волидайни тарбиятгирандагони мактаби мазкур яке аз шаҳри Истаравшан ва дигаре ноҳияи Ҷаббор Расулов аз шароиту имкониятҳои таълиму тарбия ғизонокӣ, фаъолияти омӯзгорон сипосмандии худро изҳор намуданд.
«Огоҳ шудан ва фароҳам овардани  тамоми шароитҳои мавҷуда барои ин муассисаҳои таълимии иҷтимоӣ тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистгон, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Зеро ғамхорӣ нисбати кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд, таҳти назорати доимӣ ва бевоситаи сарвари давлат аст.»-қайд намуд Раиси шаҳр ҳангоми сӯҳбат бо омӯзгорон ва волидайн.
Раиси шаҳри Хуҷанд барои эътибори ҷиддӣ додан ба саломатӣ ғизонокии хӯроки наврасон ва ғамхорӣ нисбати онҳо ҳайати омӯзгорон ва мутасаддиёни соҳаро вазифадор намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...