(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altҶомеаи омўзгорон ва хонандагони гимназияи Гётеи шаҳри Хуҷанд соли хониши 2021-2022-ро бо дастовардҳои шоён натиҷагирӣ намуданд.

Иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои дохилӣ ва хориҷӣ имкон ба даст овард, ки дасторвадҳои ин муасиссаи таълимӣ боз ҳам афзун гардида, ҷалби хонандагони болаёқат бештар шуд.

Хонандагони лаёқатманд ва боистеъдод дар олимпидадаҳои байналмилалии фосиалавӣ иштирок намуда, мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд. Масалан хонандагони синфи 10 Шаҳло Носирова, Искандар Раҷабов ва Маҳмадсаид Камолов дар олимпиадаи байналмилалии «Вақти дониш» аз фанҳои мухталиф ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Муҳассилин бештар кўшиш менамоянд, ки дар озмунҳои байналмилалӣ, ки ояндаи онҳо равшан ва раҳнамоӣ менамояд, иштирок намуда, мақомҳои ифтихориро ишғол намоянд, ки ба ин васила на фақат муассиаи таълимӣ, балки тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Тибқи созишномаи тарафайн байни давлатҳои Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи фарҳанг ва маориф аз 16.12.1999, Низомномаи гузаронидани имтиҳонҳои DSD дар минтақаҳо, ки аз тарафи Шўрои марказии дипломи забони немисӣ тасдиқ карда шудааст, 15 нафар хонандагони синфи 11 соҳиби дипломи стандарти байналмилалии DSD II гаштанд. Аз ин шумора хонандагон 1 нафар ПӮЛОТОВ ЮСУФҶОН ба гирифтани идрорпулии байналмилаллӣ DAAD – хадамоти мубодилаи академии Олмон дар ш. Бонн ноил гашт.

Дар озмуни байналмилалӣ оид ба забономӯзӣ (Internationales Preistragerprogramm) МАМАДШЕРЗОДШОЕВ МУИЗ, чун щолиби озмун ба гирифтани идрорпулии PAD соҳиб гашта, ба сафари давлати Олмон санаи 15.08.22 то 15.08.22 роҳхат гирифт.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмилалии IDO дар бахши донистани забони немисӣ дараҷаи B I хонандаи синфи 8а БОБОҶОНОВ ХУСРАВ соҳиби дипломи дараҷаи II, ҲАКИМОВА ШАҲНОЗА хонандаи синфи 8б соҳиби ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ III, дар ҳамин олимпиада дар бахши донистани забони немисӣ дараҷаи B II хонандаи синфи 10б ҚОСИМОВА ҶАСМИНА сазовори дипломи дараҷаи III гашт.

Ба ду нафар хонандагони гимназия БОБОҶОНОВ БИСЛАН ВА ОБИДҶОНОВ ХАЙРУЛЛО муяссар гардид, ки дар соли таҳсили 2021-2022 соҳиби стипендияи Президентӣ гарданд. Хонандаи синфи 9а ҶӮРАБОЕВ АКРАМХОН бошад барандаи стипендияи Раиси шаҳр гардид.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанҳои таълимӣ хонандаи синфи 11 БОБОҶОНОВ БИСЛАН аз фанни забони забон ва адабиёти рус баъди гирифтани мақоми аввал дар олимпиадаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ ба гирифтани ҷойи 1-ум ва медали тилло сарфароз гардонида шуд.

Хонандаи синфи 8б АСРОРОВА ШУКРОНА бошад, баъди гирифтани ҷойи сеюм дар давраҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ дар даври ҷумҳурявии Олимпиадаи наврасон аз фанни забони англисӣ иштирок намуда, сазовори Дипломи дараҷаи 3 ва медали биринҷӣ гардид.

Хонандаи синфи 9а ҶӮРАБОЕВ АКРАМХОН баъди гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ дар давраҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ дар даври ҷумҳурявии Олимпиадаи даставӣ аз фанни химия иштирок намуда, сазовори Дипломи дараҷаи 3 ва медали биринҷӣ гардид.

Дар даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон аз фанҳои таълимӣ хонандаи синфи 11 ПУЛОТОВ ЮСУФҶОН аз фанни технологияи информатсионӣ ба гирифтани ҷойи 1-ум сазовор гардид.

Хонандаи синфи 10 НОСИРОВА ШАҲЛО дар Олимпиадаи байналмилалии “Время знаний” (шаҳодатномаи қайд-ЭЛ№ФС77-:№093 аз 18.09.2015) аз фанни биология иштирок намуда сазовори ҷойи якум гардид ва бо диплом сарфароз гардонида шуд. Инчунин дар ин олимпиада Хонандаи синфи 11 РАҶАБОВ ИСКАНДАР барои ишщоли ҷойи якум, хонандаи синфи 7-ум РАҲМОНОВА ҲИЛОЛА ва хонандаи синфи 8-ум КАМОЛОВ МУҲАММАДСАИД барои ишщоли ҷойи якум бо Дипломи Олимпиадаи байналмилалии “Время знаний” сарфароз гардонида шуд.

Аз тарафи маркази иттилоотию методии шуъбаи маорифи вилояти Оренбург хонандаи синфи 8б АЛИЕВ АРДАШЕР барои иштироки фаъолона дар Марафони маданию шоирӣ бо ном “Виртуалҳнқй сборник стихов А.С.Пушкина” бо Диплом сарфароз гардонида шуда видеоролики ӯ мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин щолибият дар рӯзномаи “Селҳские ВЕСТИ”-и вилояти Оренбург № 21 аз 24.04.2022 дарҷ гардидааст.

Дар олимпиадаи байналмилалии фосилавии Кенгуру низ хонандагон 8 ҷойи ифтихориро ба даст оварданд: Хонандагони синфи 4 АЛИЕВА АНИСА, ЮЛДОШЕВ САИДАЪЗАМХОН, МАМАДҶОНОВА ФАРИЗА, ХОЛМАТОВ ДИЛШОД ВА ПОРСОЕВ САИДАБУБАКР сазовори ҷойи дуюм, хонандагони синфи чорум ДАВРОНЗОДА САИДАХМАД, НАСРИДДИНОВ БУНЕД ВА ХОНАНДАИ СИНФИ СЕЮМ ХОЛМАТОВ ЮСУФ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Хонандагон АКРАМОВ МАНУЧЕҲР, БОБОЕВА МАРЯМ, МИРЗОЕВ НЕКРӯЗ соҳиби СЕРТИФИКАТИ олимпиадаи байналмилалии фосилавии Hippo гаштанд.

Дар олимпиадаи байналмилалии фосилавии «VI Болҳшая Олимпиада» аз фанни санъати тасвирӣ хонандагони синфи 3б ҶАББОРОВ АЗИЗ барои гирифтани ҷойи якум бо Дипломи дараҷаи якум, РАҶАБОВА САИДНИСО, ЮНУСОВА МЕҲРОНА барои гирифтани ҷойи сеюм ва МИРЗОЕВА СУМАЙЯ аз фанни забони англисӣ барои гирифтани ҷойи сеюм бо Дипломи дараҷаи сеюм сарфароз гардонида шуд.

Дар олимпиадаи байналмилалии Меташкола хонандаи синфи 4б ПОРСОЕВ САИДАБУБАКРХОН барои гирифтани ҷойи якум аз фанни табиатшиносӣ бо Дипломи дараҷаи I ва ҷойи дуюм аз фанни забони немисӣ бо Дипломи дараҷаи II сарфароз гардонида шуд.

3 нафар хонандагони гимназия бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” ва 50-солагии таъсисёбии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессия вилоятии Академияи хурди илмҳо бо маърӯза баромад намуда, хонандаи синфи 10 БОЙМУРОДЗОДА САРМАД дар бахши технологияи информатсионӣ бо Дипломи дараҷаи якум ва дар сессияи Ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи дуюм, хонандаи синфи 10 НОСИРОВА ШАҲЛО бо Дипломи дараҷаи сеюм ва дар сессияи Ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм ва Дипломи дараҷаи дуюм, АБДУНАБИЕВ АМИР бо Сипоснома аз тарафи маркази таҳсилоти иловагии вилояти Сущд сарфароз гардонида шуданд. Дар даври шаҳрии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши забон ва адабиёти рус НАБИЕВА СИТОРА, дар бахши экономика ЯКУНИН ВЛАДИСЛАВ ба гирифтани мақоми аввал ва Дипломи дараҷаи якум сазовор гаштанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки 90 фисади хатмкунандагони гимназияи Гёте ба донишгоҳҳои Олмон ва Русия аллакай дохил шуда соҳиби номи баланди донишҷўйи гардидаанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...