(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи солеҳони имрӯз мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва оромию амнияти сарзамин дар масоҷиди ҷомеаи шаҳр намози Иди саиди Фитрро хонданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масҷиди марказии Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, намозгузорон ва кулли мардуми вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони Хуҷандшаҳрро бо Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфтанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон Иди саиди Фитр ҳамасола дар рӯҳияи идона таҷлил мегардад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, роҷеъ ба фазилатҳои ин моҳи муборак изҳори андеша намуда, аз ҷумла таъкид намуданд:“Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад”.

Барҳақ, дар ин моҳи муборак ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, анҷом додани корҳои нек, аз ҷумла хайру саховат, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону маъюбон ва камбизоату муҳтоҷон аз сифатҳои хубу инсондӯстонаи ҳар як фарди некхоҳу некандеш маҳсуб меёбад. Зеро, чунонки Пешвои муаззами миллат зикр мекунанд, ислом дини адолату инсоф буда, ҳама гуна кирдорҳои зишт, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум намуда, бархилофи зуҳуроти манфии таҳдиду хатарҳои муосир инсонро ба сулҳу осоиш, касби ризқи ҳалол, ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда раҳнамоӣ мекунад.

Боиси таъкид аст, ки солҳои охир дар заминаи сиёсати давлату Ҳукумат таваҷҷӯҳи соҳибкорону ашхоси боҳиммат нисбати дастгирии ятимону маъюбон ва ниёзмандон зиёд гардида, инчунин корҳои созандагию ободонӣ, аз қабили бунёди боғу токзор, марказҳои хизматрасонӣ, кашидани хаттҳои оби нӯшокӣ, таъмиру тармими мактабу кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ, беморхона, китобхона, роҳу пулҳо ба анъанаи нек мубаддал гардидааст. Чунин ташаббусҳои инсондӯстона ва иқдомҳои ватандӯстонаи шаҳрвандон ва соҳибкорон қобили таҳсин ва шоистаи дастгирӣ буда, бешубҳа барои ободии кишвари азизамон Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки дар шароити нооромии авзои дунёи имрӯза сокинони вилоятро зарур аст, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ софдилонаву аҳлона заҳмат кашида, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд ва дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи сазовор гузоранд. Дар баробари ин, ҳангоми баргузор намудани маросиму маъракаҳо аз оростани дастурхони серхарҷу намоишкорона худдорӣ намуда, чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд, “ҳама гуна арзишҳои инсондӯстонаву ваҳдатсози фарҳанги миллӣ ва диниамонро ба манфиати оромии ҷомеа ва суботи Ватани азизамон дуруст ва ҳадафмандона истифода баранд”.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...