(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати маорифпарваронаву оқилонаи худ соҳаи маорифро соҳаи сарнавиштсозу афзалиятнок эълон намуда, изҳор доштанд, ки «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади огоҳӣ аз раванди корҳои сохтмонию бунёдкорӣ дар соҳаи маорифи шаҳр ба муносибати 25 солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ва ошноӣ пайдо карданд.

Зимни боздид аз МТМУ №28 иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо харҷи 18 миллион сомонӣ сохта мешавад. Тибқи лоиҳа иншоот аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 23 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмонворидот” ва лоиҳакаш КФД “Суғдшаҳровар” мебошад. Мактаб барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Алҳол дар иншооти номбурда то 100 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ кору фаъолият доранд. Бунёди таххона ва ду ошёнаи мактаб ба охир расида, корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюми он бомаром идома дорад.

Зимни боздид ҳамчунин аз ҳолати сохтмони ширхоргоҳ-кўдакистони №18-и шаҳри Хуҷанд шиносоӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ ҳанўз соли 1959 сохта шуда, масоҳаташ 0, 33 га. –ро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар кўдакистон бомаром идома дорад ва алҳол тибқи лоиҳа он 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар атрофи он дигар иншооти зарурӣ барои тарбияи кўдакон низ бунёд карда мешавад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр буда, пудратчии иншоот ширкати «Сохтмонворидот» мебошад.

Баъди истифодаи ин муассисаи таълимӣ беш аз 180 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд.

Кўдакистони бунёдшаванда бо назардошти талаботи замони муосир сохта мешавад ва дар он беҳтарин шароити тарбияву ба камолрасонии кўдакон муҳайё мегардад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини сохтмон ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва истифодаи васеи маҳсулоти ватанӣ дастуру супоришҳо дод. Ба масъулини соҳаи шаҳрсозӣ дастур дода шуд, ки атрофи биноҳои таълимиро ба тартиб дароварда, барои ба талаботи замони муосир қомат афрохтани иншооти атроф тадбирҳо андешанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...