(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд" бо иштироки омўзгорон ва собиқадорони соҳаи маорфи шаҳр бахшида ба Рўзи модар тантанаи идона баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати Рўзи модар ба самъи Фирдавс зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ бо иштироки устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “ Зан – модар мураббии аҳли олам ва устоди нахустини ҳар инсон мебошад.

Аз ин лиҳоз пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ў қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст. Дар тамоми таърихи тўлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рўҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан – модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст.

Бо арҷгузории самимона ва эҳтирому эътиқоди баланд ба хираду заковат ва бузургии Шумо – модарону бонувони иззатманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Имрўз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову Шумо мебошад.»

Таъкид шуд, ки имрўз занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар руҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандўстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд. Воқеан, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Барои мардуми соҳибфарҳанги тоҷик занону модарон чун сарчашмаи меҳру вафо, намунаи олии меҳрубонӣ, арзандатарин ҳастии ҳаёт буданду ҳастанд ва боқӣ хоҳанд монд. Аз ин ҷост, ки модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорӣ мебошанд, зеро онҳо меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба ҳисоб мераванд.

Рушди соҳаи маориф аз самтҳои калидии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар ин ҷода дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол дар шаҳр аз теъдоди умумии 2525 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ 2215 нафар ё худ наздик 90 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ҳамарӯза бо таълиму тарбияи шоистаи фарзандони мардуми куҳанбунёдамон, омода намудани кадрҳои болаёқату соҳибмаърифат, худшиносу худогоҳ, созандаву ободкор ва муҳимтар аз ҳама, насли давомдиҳандаи кору пайкори халқи шарафмандамон машғул мебошанд.

Зикр бояд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир баробари бомаром амалӣ намудани ислоҳоти ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст, ки дар ин самт фаъолияти пурсамару натиҷабахши Шумо бахусус занонону бонувони маорифчиёни шаҳри Хуҷанд хеле назаррас мебошанд.

Сипас сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода низ бонувонро бо Рузи модар табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки бо такя ба нерўи созандаи Шумо – занону бонувони ватандўсту соҳибмаърифат, ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаи худ дар соли 2022 – юм соли ҷашнгирии 25 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллиамон маҳсуб меёбад, дастовардҳои соҳаи маорифро боз ҳам афзун намуда, бо комёбиҳои нав пешвоз мегирем.

Сипас ба як қатор фаъолони соҳа Ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Сипас барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ бо иштирок ҳунармандони маъруфи кишвар ва хонандагону тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба аҳли омӯзгорони шаҳр манзур карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...