(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 бо доираи васеи рўзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нахуст рўзноманигорон аз фаъолияти озмоишгоҳҳои донишкада аз наздик шинос шуда, роҷеъ ба он маълумоти кофӣ гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2021 дар донишкада 5 озмоишгоҳҳои нав ва 1 маркази таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии лоиҳаҳои байналхалқӣ ташкил карда шудаанд: 3- озмоишгоҳ дар самти зеҳни сунъиӣ , 1 озмоишгоҳи технологияи молиявӣ, озмоишгоҳи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, як маркази таълимӣ, ки аз озмоишгоҳи дузандагӣ ва синфхонаи компютерӣ оид ба лоиҳакашии автоматикунонидашудаи либос иборат мебошад. Озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ бо 34 компютерҳои замонавии пуриқтидор, ки имконияти гузаронидани ҳисобу китобҳоро бо истифодаи барнома ва алгоритмҳои математикии мураккаб дар забонҳои барномарезии муосир монанди “Python” ва дигарҳоро медиҳад. Дар озмоишгоҳи технологияҳои молиявӣ низ 12 компютерҳои нави муосир насб карда шуда, барои гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳои 1С муҳосибот, фаъолияти биржаҳо ва автоматикунонии фаъолияти бонкдорӣ бо барномаҳои махсуси компютерӣ таъмин карда шудаанд. Таъкид шуд, ки барои таълими ҳар як ихтисос озмоишгоҳҳои алоҳидаи муосир фаъолият, ки барои тарбияи мутахасисони баландихтисос мусоидат менамояд

Сипас дар толори хурди донишкада нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Директори донишкада Дилафрўз Саидӣ доир ба самтҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, байналхалқӣ ва хоҷагии ин муассисаи олии таълимӣ иттилои бештар дода, аз ҷумла афзуд, ки дар сохтори донишкада 4 факултет, 14 кафедра, 4 марказ, 9 шуъба, раёсати идораи рақамӣ, қисми маъмурӣ-хоҷагидорӣ, муҳосибот, бойгонӣ, нашриёт ва литсейи донишкада амал менамоянд. Дар донишкада ба миқдори умумӣ: 167 синфхонаи таълимӣ, 41 озмоишгоҳи таълиму таҳқиқотӣ, 24 синфхонаи компютерӣ, 4 синфхонаи лингафонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 парки технологӣ, 3 толори маҷлисӣ, 3 китобхона, 3 қироатхона, хобгоҳ ва маркази таълимии омӯзишӣ мавҷуд аст ва дар умум, ба як донишҷӯ 7,03 метри мураббаъ рост меояд. Миқдори компютерҳо ба 1489 адад расида, проектор 314 адад, тахтаи электронӣ 137 адад мебошад. Дар чор факултети донишкада – информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ - иқтисодӣ аз рӯи 29 ихтисоси зинаи бакалавриат, 5 ихтисоси шакли таҳсилашон фосилавӣ ва аз рӯйи 18 ихтисоси бакалавриатура таҳсилоти олии дуюм тариқи фосилавӣ, 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD), инчунин 13 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ 181 нафар устодон ба 4121 нафар донишҷӯ дарс мегӯянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2021 аз тарафи устодони кафедраҳо 22 (бисту ду) номгӯй китоби дарсӣ ва 95 (наваду панҷ) маводи таълимӣ методӣ, ки матни лексияҳо, практикумҳои лабораторӣ ва супоришҳои кори мустақилонаро дар бар мегирад, таҳия ва аз шӯрои таълимӣ-методӣ барои истифода ва нашр тавсия дода шуданд.

Дар ДПДТТХ ба номи академик М.Осимӣ якчанд видеодарсҳо аз тарафи маркази Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсонии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодони пуртаҷриба ба навор гирифта шуда дарсҳои омӯзгори фанни математика Раҳимов Амон Акбарович аз тарафи комиссияи Вазорат маъқул ва тасдиқ гардид. Аз он дам бахшида ба 20-солаи омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, аз моҳи ноябри соли 2020 то ҳол аз ҷониби маркази ТИК-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси математикаро омӯзгор Раҳимов А.А. мувофиқи фармони ВМИҶТ № 01/2-569 аз санаи 09.11.2020 вобаста ба барномаи таълимии мактабӣ бо шумораи овардашуда ба навор гирифта шуда ба намоиш омодаанд:

• Математика барои синфҳои 7 (тоҷикӣ русӣ) - 85 дарс;

• Математика барои синфи 8 (тоҷикӣ) - 40 дарс;

• Математика барои синфи 9 (тоҷикӣ) - 46 дарс;

• Математика барои синфи 10 (тоҷикӣ) - 40 дарс

Дар маҷмӯъ 211 дарсҳои ба навор гирифта шуда маводҳои дарсӣ ба намуди тайёр дар сомонаи ВМИҶТ тариқи суроғаи www.mjtik.tj/algebra ва ҳамчунин дар канали youtube-и омӯзишии Вазорат паҳн карда шудааст.

Дар соли 2021 аз тарафи устодони донишкада 6 монография, 6 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 16 адад санад оид ба тадбиқи кори илмӣ, 10 мақолаи Scopus, 59 мақолаи КОА, 81 мақолаҳои байналмиллалӣ ва 66 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст. Дар соли 2021 дар донишкада 6 лоиҳаҳои илмӣ иҷро шудааст, ки 3 лоиҳа ба самти илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ мувофиқат мекунад.

Дар донишкада айни ҳол 14 кафедра амал мекунанд, ки аз онҳо фаъолияти 10 кафедра ба самти илмӣ таҳқиқотии илмҳои риёзӣ дақиқ ва табиӣ мувофиқат мекунад. Аз ҷумла, 2 кафедраи умумтаълимӣ ва 8 кафедраҳои тахассусӣ фаъолият мебаранд. Дар кафедраҳои донишкада корҳои илмии донишҷӯён оид ба илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ бо чунин шаклҳо ташкил карда шудааст: иҷрои корҳои курсӣ, лоиҳаҳо, рисолаҳои бакалаврӣ бо ҷузҳои илмию тадқиқотӣ; рисолаҳои магистрӣ; иштирок дар махфил ва семинарҳои илмӣ; иштирок дар озмун, олимпиада ва конфронсҳои сатҳи гуногун ва ғайраҳо.

Натиҷаҳои кори илмии донишҷӯён ба озмун ва конфронсҳои илмии сатҳи гуногун пешниҳод карда мешавад. Дар соли хониши 2020-2021 дар донишкада зиёда аз 35 махфилҳои илмӣ, инноватсионӣ ва эъҷодӣ фаъолият бурдааст. Аз ҷумла махфилҳои барномарезӣ “Дастони ҳунарманд”, “Меъмор –инноватор”, Шатранҷ, “Рассоми беҳтарин”, “Лоиҳакашии муосири либос”, “Расм ва муссавири объектҳои меъморӣ”, “Тасаввурот”, “Ганҷи ҳунар”, “Меъморони умедбахш”, “Агротехнологони ҷавон”, “Олимони ҷавони фановар”, “Технологияи коркарди маҳсулоти хӯрока” ва ғ.

Дилафрўз Саидӣ гуфт, ки дар донишкадаи политехникӣ се китобхона мавҷуд аст, ки онҳо соли 2010 ташкил гардидаанд. Фонди китобхонаҳо дар натиҷаи якҷояшавии филиалҳои донишгоҳҳои техникӣ ва технологӣ аз ҳисоби фонди китобхонаҳои онҳо ҷамъ шудаанд ва ҳоло фонди умумии онҳо аз 155302 нусха (30938 номгӯй) китобҳо иборат аст. Аз он ҷумла, китобҳои таълимӣ 112401 нусха, дастурҳои методӣ 16461 нусха, китобҳои бадеӣ 8489 нусха, илмӣ 17951 нусхаро ташкил медиҳад.

Дар донишкада китобхонаи рақамӣ низ амал мекунад. Китобхонаи рақамии ДПДТТ аввалин китобхонаи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он зиёда 56919 адад маводи таълимӣ - методӣ ва илмӣ дар форматҳои машҳури pdf, djvu, txt, chm, doc ва ғайра нигоҳ дошта мешавад. Китобхонаи рақамӣ дорои шаҳодатномаи маҳсулоти зеҳнӣ мебошад. Аз ҳамаи компютерҳои дар донишкада буда ба китобхонаи рақамӣ пайваст шудан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, аз дилхоҳ компютере, ки дар системаи идоракунии фаъолияти донишкада қайд шудааст, ба китобхонаи рақамӣ пайваст шудан мумкин аст.

Дар соли 2021 зиёда аз 10 шартнома бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон баста шуд, ки он имконият медиҳад, ки дар оянда донишҷӯён ва устодони донишкада дар муассисаҳои олии пешоҳанги дунё таҳсил ва коромӯзӣ намоянд. Дар донишкада дар соли 2021 шаш лоиҳа амал менамояд.

Дар парки технологӣ ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои ҷавонон ва калонсолон ҷиҳати омӯзиши забони англисӣ, забони русӣ, забони олмонӣ, васлу насб ва таъмири таҷҳизоти электрикӣ, тарҳрезӣ ва дӯзандагӣ, хизматрасонии техникии нақлиёти автомобилӣ, технологияи информатсионӣ, технологияҳои истеҳсоли хӯроки омма, технологияҳои истеҳсоли нӯшокиҳо, муҳосиби компютерӣ ба роҳ монда шудааст.

Маркази мартаба бо корхонаву ташкилоти ҳудуди вилоят ва берун аз он дар робитаи мустақим буда, миқдори шартномаҳои тарафайн 204 ададро ташкил мекунад. Дар соли 2021 бо 60 корхонаю ташкилот шартномаҳо баста шудаанд.

Хобгоҳ аз таъмири пурра бароварда шуда, барои таъмини 600 нафар донишҷӯёни курсҳои 1-4 омода аст. Барои духтарон ошёнаи дуюм бо ҳамаи шароитҳо ҷудо шудааст. Раёсати донишкада нисбати ятимону маъюбон ғамхорӣ зоҳир намуда, ҳамасола ятимони кул ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз супоридани маблағи хобгоҳ озод карда шудаанд. Дар донишкада озмуни “Бизнес – идея 2021” дар сатҳи баланд доир шуда, навоварон бо тӯҳфаҳои арзишманди Раёсати донишкада тақдиронида шуданд.

Донишҷӯёни донишкада дар даври вилоятии мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи намудҳои варзиши сабук, бокс, шоҳмот, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, дзюдо ва волейбол иштирок намуданд. Боиси ифтихор аст, ки варзишгарони донишкада дар намуди варзиши сабук - 2 медали тилло, 3 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ, дар намуди бокс – 2 медали тилло, 7 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ, дар намуди гуштини тарзи озод – 1 медали тилло, дар намуди шоҳмот – 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар даври вилоятии Фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ” аз рӯи номинатсияи “Ороиш ва мӯйбофии замони муосир” донишҷӯ Тӯхтасунова С. соҳиби ҷойи аввал гардида, бо диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

Сипас, рўзноманигорон доир ба паҳлуҳои гуногуни донишкада суолҳои дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки дар нишатси матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ ширкат варзид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...