(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altВохӯрие, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-юми шаҳри Хуҷанд доир гардид, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, прокуратура, милитсия, ходимони дин, фаъолони кумитаи маҳаллаи «Мевағул» ва сокинони ин маҳалла иштирок доштанд.

Қабл аз оғози вохӯрӣ муҳассилини МТМУ №23 ба васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат, Истиқлолият шеърҳои ҷолиб қироат намуданд.

Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, маърӯзачиёнро муаррифӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки дар мулоқот масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили шомил шудани бархе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, зӯровариву муноқишаҳо дар оила, ҷудошавии зану шавҳарони ҷавон, даст задани занону наврасон ба ҷиноят, беаҳамиятӣ зоҳир намудан ба саломатии худ ва атрофиён, гирифтани ваксинаи зидди коронавирус, саркашӣ кардани ҷавонони синни даъватӣ аз хизмати ҳарбӣ ва ғайра таҳлилу баррасӣ мешаванд.

Муяссара Қаҳҳорӣ, ҳамчунин аз дастовардҳои назарраси замони истиқлолият факту рақамҳои зиёдро ба забон овард. Маълум намуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар ҳоли рушд қарор дошта, сулҳу осоиштагӣ ва шароити хуби зиндагӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин аст.

Маҳз баъди ба сари ҳокимият омадани Пешвои муаззам мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону бонувон боло бардошта шуд. Барои ҳимояи ҳуқуқи онон, таъмин намудани шароити хуб, ба вазифаҳои роҳбарӣ ҷалб намудан як қатор қарору қонунҳо ба тавсиб расидаанд. Имрӯз ба шарофату раҳнамоиҳои Сарвари давлат занону бонувони мо дар ҷомеа бисёр амалҳои солеҳро ба сомон мерсонанд. Баробари ҳамсар ва модари меҳрубон будан, дар қатори мардон вазифаҳои муҳимро дар дӯш дошта, барои ривоҷи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Аммо, мутаассифона, баробари чунин дастовардҳои беназир ҳастанд нафароне, ки бо рафтору кирдори ношоистаи худ ба ҷамъият иснод меоранд. Боиси нигаронист, ки модар ва духтари тоҷик даст ба ҷиноят мезананду кӯдаконашон беназорат мемонанд, ҷавононписарони ноогоҳ ба суханони хоинон фирефта шуда, ба доми онҳо мефтанд, оилаҳо бесабаб ҷудо мешаванд, ба саломатии худ ва атрофиён беэътиборӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин факту рақамҳо ҳамеша масъулин ва ҷамъиятро ба ташвиш меоранд.

Сулҳиддин Ғоибзода, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд низ дар сухани худ аз хусуси шомил гардидани ҷавонписарон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз меъёр зиёд ҷудо шудани оилаҳо, насупурдани алимент аз ҷониби падар, ҷиноятсодиркунии занон ва ғайра ибрози андеша намуд. Бахусус, дар боби шомилшавии бархе шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав истода гузашт. Қайд намуд, ки мақсади асосии ҳизбу созмонҳои ифротӣ, қабл аз ҳама барҳам додани ин ё он кишвар буда, ғояҳои худро ҷорӣ кардан аст. Матлаби чунин хоинон ҳуқуқу шаҳрвандонро поймол намуда, онҳоро аз ҳама хушиҳои зиндагӣ маҳрум намудан мебошад. Барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҷавонони камсаводу беназоратро истифода мебаранд, ба воситаи онҳо талотум, фасод, фитна, шӯриш ва дигар амалҳои зиддиинсониро ҷорӣ кардан мехоҳанд. Аз ин лиҳоз, ҳар модар, падар, омӯзгор ва ҳатто ҷомеа барои ба роҳи рости зиндагӣ раҳнамун кардани ҷавонон вазифадор ҳастанд.

Ҳамчунин, ёрдамчии прокурор фаъолони маҳалларо ба ҳамраъйӣ даъват намуд. Гуфт, ки барои осоиштагии давлат, шаҳр, зодгоҳ ҳамакаса бояд талош варзем.

Имом-хатиби Масҷиди ҷомеи «Тақво» Хусрав Ҳомидов низ аз хусуси падидаҳои номатлуб ибрози назар намуд. Бештар ба ҷудошавии оилаҳо таваҷҷӯҳ намуда, нигарон аз он шуд, ки зан шавҳарони ҷавон бо сабабҳои ночиз ҳаёти худро барбод медиҳанд. Бинобар ин, падару модарон, қабл аз фарзандонашонро оиладор кардан, одоби оиладорӣ ва ҳуқуқҳои зану шавҳар дар зиндагиро омўзонанд. Аввалан, бояд худи волидайн аз ин чизҳо огоҳ бошанд, дар зиндагӣ барои фарзандон намунаи ибрат шаванд ва он масъулиятро, ки дар зиндагию оиладорӣ дар дўш доранд, ба анҷом расонанд. Муноқишаи оилавӣ асосан дар оилаи носолим бо баҳонаи ночиз, ҷанҷоли зану шавҳар, хушдоману келин, фарзандони бадахлоқ ва якдигарнофаҳмӣ сар мезанад. Ҷанҷол ва сарзанишҳо дар назари кўдакони ноболиғ рух медиҳанд, ки ин ба тарбияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Бояд зану шавҳар дар зиндагӣ якдигарфаҳмӣ намуда, ҳурмату эҳтироми ҳамдигарро ба ҷой оваранд, зеро асоси пойдории оила дар ҳамин ду хислати накў аст.

Сардухтури Маркази шаҳрии №5-ум Адиба Мамадова ба сокинони кумитаи маҳаллаи «Мевағул» муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки ба масъалаи эмгузаронӣ диққати махсус диҳанд. Зеро ягона роҳи наҷот аз сироятёбӣ ваксина мебошад. Мутаассифона, зиёда аз 13 ҳазор сокини ин маҳал аз гирифтани ваксина дурӣ меҷӯянд, ки боиси нигаронист ва хатар ба ҷомеа доранд.

Дар интиҳо байни иштирокдорон ва масъулин суолу ҷавоб ҷараён гирифт.



Таҳмина АЮБОВА,
«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...