(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа муносибати 30 солагии таъсисёбии яке аз муассисаҳои таълимии намунавӣ, пешқадам, парваришгоҳи наврасони соҳибистеъдод, навовар, ҳамқадами замон, нахустлитсейи Хуҷанди бостонӣ-литсейи физикӣ математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ чорабини тантанавӣ баргузор гардид.

Осим Каримзода, сардори раёсати маорифи вилоят ҷомеаи меҳнатӣ ва хонандагони литсейро бо сиюмин солгарди фаъолият табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки литсейи физикӣ-математикии №1 бо дастовардҳои афзунаш на танҳо ифтихори шаҳри Хуҷанд, балки тамоми вилоят аст. Хонандагон дар озмунҳои вилоятӣ, ҷумҳурияӣ ва байнахалқӣ соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гардида, дастпарваронаш дар беҳтарин донишгоҳҳои минтақавию байналхалқӣ таҳсил менамоянд. Ҳар як волидайн орзу дар дил мепарваранд, ки фарзандашон дар ин дабистон таҳсил намояд.

Таъкид гардид, ки омили асосии пешрафти ҳар ҷомеа дар ҳама давру замон соҳаи илму маориф ба шумор меравад. Миллати бомаърифат ҳамеша хостори рушду боландагии ватанаш буда, дар ин зимн насли давронсозро барои фаро гирифтани донишҳо ҳидоят мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм афзалият медиҳанд ва ин матлаб дар ҳар як гуфтору баромадҳояшон мушоҳида мешавад.

Аҳли илму маорифи кишвар аз он саодатманданд, ки дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Роҳбари давлат ба рушди соҳа, пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дурнамои рушд ва роҳу равишҳои навини таҳаввули илму маорифи кишварро ба таври мушаххас барномарезӣ менамоянд.

Муҳайё Акмалхўҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд фаъолияти рузмарраи литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимиро дар ҳамаи ҷодаҳо намунаи олии пайравӣ ба дигар муассисаҳои таълимии шаҳр унвон намуда, саҳми бунёдгузорон ва ҷомеаи меҳнатии онро дар ташаккул ва маъруфияти он таъкид намуд.

Зикр гардид, ки литсейи мазкур ҳанўз 30 сол муқаддам бо сарварии директори нахустини литсей, омўзгори варзида, ғолиби озмуни “Муаллими сол”-и ИҶШС Юлдошбой Рустамов ва ҳайати омўзгорон М. Норматов, Р. Очилова, М. Зарипов, О. Усмонов, С. Мансуров, А. Насриддинов, М. Атаева, Т. Сатторов, Т. Пўлотова, З. Раҳмонова, М. Ҳомидзода, Н.И. Иванина ва А. Саидхоҷаев дар ду синф, бо фарогирии 38 хонанда оғоз гашта, баҳри таълиму тарбияи толибилмони соҳибистеъдод хишти нахустин гузошта шуд. Дере нагузашта, литсей ба яке аз муассисаҳои беҳтарини на танҳо шаҳру вилоят, балки ҷумҳурӣ табдил ёфт. Зеро ҳар омўзгори варзида бо навоварӣ, сабку услубу методи хоси худ ва таҷрибаи бой ба ра- ванди таълиму тарбия мазмуну шукўҳи тоза ворид месохт.

Моҳира Азимова, директори литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки таваҷҷуҳи доимӣ ба соҳаи маориф ба сиёсати меҳварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубаддал гардида, ҳамасола зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои маориф ва рушди соҳа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд ва баҳри ташаккули он ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ироа менамоянд. Ҳар як муваффақият ва дастоварди муассисисаи таълимӣ аз фаъолияти шабонарўзии омўзгорон буда, пайваста кўшиш ба харҷ медиҳем, ки пешқадамиро на танҳо дар сатҳи вилоят алки дар байни макотиби ҷумҳурӣ аз даст надиҳем.

Таъкид шуд, ки танҳо дар шаш соли охир дар олимпиадаҳои шаҳрӣ ҷамъулҷамъ 238 нафар, олимпиадаҳои вилоятӣ 91 нафар, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 60 нафар, дар олим- пиадаи “Кенгуру”-26 нафар, олимпиадаи “IMAS”-12 нафар ва олимпиадаҳои бай- налмилалӣ 7 нафар соҳиби ҷойҳои 1, 2, 3 шудаанд.

Олимони ҷавони литсей низ чун ҳамасола рисолаҳои илмии худро дар сессияҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд ҳимоя намудаанд. Масалан, дар чанд соли охир дар сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо 10 нафар соҳиби дипломи дараҷаи якум, 3 нафар дараҷаи 2-юм, 3 нафар дараҷаи 3, 16 нафар аъзо-мухбир ва 9 нафар узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон гаштанд.

Соли хониши 2020-2021 Ҳусейн Очилов бахшида ба “20-солагии омўзиши фанҳои дақиқ” Ҷоизаи давлатиро соҳиб гашта, Шаҳло Ҳошимова ба Ҷоизаи Раиси вилоят сазовор дониста шуд. Омўзгори фанни забони англисӣ Дилафрўз Умарзода дар озмуни “Муаллими соли ҷумҳурӣ - 2019” ғолиб дониста шуд.

Дар чор соли охир, аз ҷониби омўзгорони литсей 43 дастури методӣ ва ду китоби бадеӣ таълиф гашт.

Сипас, омўзгори литсей, нависанда Муқим Воҳид, собиқ хатмкунандагони муассисаи таълимӣ доир ба роҳи тайнамудаи литсей тўли 30 соли фаъолият ва фараҳмандии ҳар як дастпарвари он изҳори андеша намуданд.

Сипас ба як қатор омўзгорони фаъол, собиқадорон ва волидайни намунавии муассиса сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангии хонандагони литсей ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...