(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз бо садо Суруди миллӣ дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд машварати августии кормандони соҳаи маориф оғоз гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар машварати августии кормандони соҳаи маориф баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи нақша-чорабиниҳои таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли таҳсили 2020-2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд се муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз он ҷумла, муассисаи таҳсилоти томактабии №35, кӯдакистонҳои хусусии “Хуршеди Истиқлол” ва “Меҳросо” мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳамчунин, гимназияи “Эҳёи маънавият”, Муассисаи таълимии институти ибтидоии “Аркон”, Муассисаи таълимии хусусии “Камоли Хуҷандӣ” ба фаъолият шуруъ карданд.

Ҳамзамон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 оғоз гардидааст.

Сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, бинои нави муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии “Мактаби Пулотов” ва муассисаи таълимии Оксфорд бомаром идома дошта, рӯзҳои наздик мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳр пешрафти хонандагони лаёқатманд зери назорати махсус қарор дода шуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати маърифатомўзии онҳо шароитҳои мусоид мунтазам фароҳам оварда мешаванд. Қобили таваҷҷўҳ аст, ки соли равон дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 89 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Тавре маълум аст, ҳамасола хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд. Дар соли таҳсили 2020-2021 ба тариқи онлайн 762 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани 281 адад ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки 12 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр ба гирифтани аттестати аъло бо медали тиллову нуқра, аз он ҷумла 9 нафар медали тилло, 3 нафар соҳиби медали нуқра гардиданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси вилоят мебошад.

Бо мақсади ташаккул додани маърифати илмии хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба тадқиқоти илмӣ, иншои мақолаю гузоришҳои паҷўҳишӣ ва дар ин замина дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод ҳамасола сессияи Академияи хурди илмҳо баргузор мегардад. Тазаккур бояд дод, ки дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо 96 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамчунин, 15 нафар хонандагон аъзо – корреспонденти ҳақиқӣ гашта, 19 нафар ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузор гардидани Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва “Илм – фурўғи маърифат” хонандагони шаҳри Хуҷанд маҳорату малакаи зеҳнии худро нишон дода, ба ҷойҳои намоён сазовор гардиданд.

Соли равон 6 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба гирифтани стипендияи президентӣ мушарраф гашта, 74 нафар гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд гардиданд.

Фирдавс Шарифзода афзуд, ки мо бояд нақшу эътибори омўзгорро боло бардорем ва тарбияи хонандагони ватандўст ва меҳнапарварро асоси фаъолияти хеш қарор диҳем. Зеро шахсияти омўзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозӯъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст. Ранҷу машаққат ва заҳмату шабзиндадориҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли шоиста таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки қалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад.

Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ қайд карданд: «Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад».

Қайд гардид, ки барои тақвият бахшидани равобити оилаву мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст, ки дар тарғиби одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли наврас нақши муҳим мегузорад ва ҳамаи моро водор бар он менамояд, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоем. Ин қонун агарчанде ба таври қаноатбахш дар ҷомеаи имрўза амалӣ мегардад, вале ҳанўз ҳам ба амалҳои ғайриқонунӣ даст задани наврасону ҷавонон моро ҳушдор медиҳад, ки дар тарбияи онҳо бештар масъулият зоҳир намуда, ба бетарафӣ роҳ надиҳем. Тавре ба назар мерасад, сабабҳои даст ба ҷиноят задани хонандагон як қисми он аз беназоратии волидон, омўзгорон, мароқ зоҳир накардани масъулини мактабҳо ба машғулияти хонандагон дар вақти холигии онҳо, робитаи мустаҳкам надоштани мактаб бо оила, дуруст ба мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нарафтани онҳо рух додааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Ҳар фарде, ки имрӯз ояндаи Ватан ва миллат барояш азиз аст, бояд дар роҳи соҳибмаърифату соҳибкасб ва дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расонидани насли наврас саҳми муносиб гузорад».

Қайд бояд намуд, ки дар ин ҷода муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр ҷиҳати татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар барномаҳои давлатӣ корҳои мушаххасро ба анҷом расонида, баҳри сиҳативу саломатӣ, хушзеҳниву соҳибақлӣ, дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ба воя расонидани насли хурдсол ҳамаҷониба мунтазам чораҳои зарурӣ меандешанд. Бо вуҷуди ин дар ин самт камбудиҳои назаррас мавҷуданд, ки ислоҳи ҷиддиро тақозо менамояд.

Итминон дорем, ки минбаъд низ сарварони муассисаҳои томактабӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмиру тармими муассисаҳои томактабӣ, мустаҳакам намудани пояи моддию техникии кӯдакистонҳо, истифодаи дастуру методҳои нав тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.

Зикр шуд, ки ба насли навраси имрўза бояд аҳли ҷомеа, аз ҷумла омўзгорон ҳамеша як масъалаи муҳимро хотирнишон созанд, ки ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан – модар омилҳое мебошанд, ки барои пойдории давлати соҳибихтиёр ва зиндагии хушбахтонаву рўзгори хуррами наслҳои имрўзу оянда заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

Аз ин рў, рисолати мову Шумо - омўзгорони азизу арҷманд аз он иборат аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир тамоми донишу таҷриба ва хираду заковатамонро барои донишандўзӣ ва таълиму тарбияи насли наврас ва ободии Ватани маҳбубамон равона созем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ҷиҳати бузургдошти шахсияти омўзгор ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд, дар яке аз баромадҳои худ иброз намудаанд: «Муаллимону омўзгорон машъалафрўзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шуълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омўхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрўзанд. Ба ибораи дигар устодон шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омўзишу парвариш мебошанд».

Дар анҷоми суханронии худ Фирдавс шарифзода қайд кард, ки омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаед, зеро ки пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист. Боиси қаноатмандист, ки устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани нуфузи ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша баҳри дастгирии омўзгорон омода аст.

Сипас дар ҷараёни кори машварат сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхўҷаева, директори литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи акадмиек Муҳаммад Осимӣ Моҳира Азимова, мудири кўдакистони №6 Малика Исобоева баромад намуданд.

Дар анҷоми машварати августии омўзгорон ба фаъолони соҳа медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...