(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо фаъолияти корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Файзи саҳар” шинос шуданд.

Дар хоҷагӣ асосан мурғи тухмдеҳ парвариш карда мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар корхонаи парандапарварии “Файзи саҳар” 133 ҳазор сар мурғ ва 40 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад.

Роҳбарияти ҷамъият тасмим гирифтаанд, ки то охири соли равон саршумори парандаро ба 200 ҳазор сар расонанд.

Дар корхонаи парандапарварӣ дар як моҳ то 2 миллион дона тухм истеҳсол мегардад ва дар шаш моҳи соли равон истеҳсоли тухм ба 12 миллион дона расонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона дастур доданд, ки иқтидори мавҷуда самаранок истифода карда шавад. Дар ин сурат шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маротиб афзун мегардад. Ин раванд дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ мусоидат хоҳад кард.

Масоҳати умумии заминҳои корхонаи парандапарварии “Файзи саҳар” 11 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин масоҳат се сехи истеҳсолӣ, анбор барои нигаҳдории хӯроки паранда ва омода намудани он, ҳамзамон дигар иншооти ёрирасон сохта шуда, дар боқимонда заминҳо маҳсулоти кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад.

Айни замон дар корхона 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Дастгириҳои давлатӣ ва пешбинӣ гардидани имтиёзҳо ба соҳаи парандапарварӣ давоми солҳои охир ба рушди фаъолияти корхонаи “Файзи саҳар” таъсири мусбат расонидааст. Соли 2020 дар ҷамъияти мазкур тақрибан 17 миллион дона тухм истеҳсол гардида, ин нишондиҳанда соли 2021 ба беш аз 20 милион дона расонида мешавад.

Раванди фаъолият дар фабрикаи мазкур бо технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Аз сехи истеҳсолӣ ба воситаи таҷҳизоти худкор ба масофаи 250 метр маҳсулоти истеҳсолӣ то ба анбори чиниши тухм интиқол меёбад.

Дар вилояти Суғд давоми солҳои охир шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба маротиб афзуда, тибқи маълумоти оморӣ, айни замон 115 корхона фаъолият доранд, ки дар онҳо наздики 4 миллиону 400 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад.

Дар шаш моҳи соли 2021 истеҳсоли гӯшти мурғ ба 7 ҳазору 760 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ду баробар зиёд шудааст. Дар ин давра дар корхонаҳои парандапарварии вилояти Суғд 285 миллиону 745 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст.

Бояд гуфт, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” дар баробари парандапарварӣ дорои корхонаи коркарди ғалла ва истеҳсоли орд мебошад.

Масъулини корхона маҳсулоти истеҳсоли худиро ба намоиш гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” баҳои муносиб дода, супориш доданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ҷамъият дар корҳои ободонӣ саҳми бештар гузорад.

Мавриди зикр аст, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” дар обод намудани роҳҳои мошингарди ҳудуди деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен саҳм гузошта, дар умум то имрӯз 7 ҳазор метри мураббаъ роҳҳоро мумфарш кардааст. Корхона дар нақша дорад, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои корҳои ободониву созандагӣ маблағҳои зарурӣ равона намояд.

Дар даромадгоҳи корхонаи парандапарварии “Файзи саҳар” кишоварзони ноҳияи Спитамен маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.

Маҳсулоти нониву кишоварзӣ, ки натиҷаи заҳмати меҳнаткашони ноҳия мебошад, аз фаровонҳосиливу самараи талошҳо ва самаранок истифода намудани замин дар ин ноҳия дарак медод.

Кишоварзони ноҳияи Спитамен баҳри амалӣ шудани ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ садоқатмандона меҳнат намуда, дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 88 миллиону 81 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз растаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар анвои хӯрокворӣ таваҷҷуҳи деҳқонону заминдорон ва фаъолони ноҳияи Спитаменро ба масъалаи самараноку оқилона истифода намудани замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва ба ин васила баланд бардоштани ҳосилнокӣ, дар умум рушди соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуданд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...