(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармар” шинос шуда, дар маросими сар додани 30 сар қутоси хушзот ва 200 сар кабк ба мамнӯъгоҳи мавзеи Санги Кӯҳнаи деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои камхароҷот ва сердаромади чорвопарварӣ буда, дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар манбаи истеҳсоли гӯшту пӯсти аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёбад.

Парвариши қутос дар ноҳияи Айнӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2008 ба роҳ монда шуда, саршумори он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1 ҳазору 85 сар расонда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ноҳия 12 хоҷагӣ ба парвариши қутос машғул буда, давоми солҳои охир аҳолӣ низ барои рушди ин соҳаи сердаромаду камхарҷ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.

Дар асоси «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» корҳои хушзоткунии қутос ҷараён гирифта, Пажӯҳишгоҳи чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Аслиддинов ва «Русия»-и ноҳияи Айнӣ пойгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ташкил намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои афзоиши саршумори қутос ва ҳифзи ҳайвоноти нодир, зиёд намудани майдони гиёҳҳои шифобахш ба масъулони хоҷагии ҷангал дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, табиати ноҳияи Айнӣ, хусусан водии Яғноб ва Фон барои рушди соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла парвариши қутос бисёр мувофиқ буда, бо ин роҳ метавон бозори дохилиро бо гӯшти парҳезӣ ва арзон таъмин намуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармар” маълум гардид, ки соли равон дар мавзеи Шаббодаи деҳаи Анзоб аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муртазо Қосимов ду ҳавзи моҳипарварӣ бунёд карда шудааст.

Масоҳати умумии ҳавзҳо 0,35 гектар буда, айни замон дар он зиёда аз 5 ҳазор гулмоҳӣ, амури сафед ва амури пешониғафс парвариш карда мешаванд, ки ба таъкиди хоҷагидорон, амалӣ намудани ин иқдом дар рушди соҳаи моҳипарварӣ дар мамлакат ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти парҳезӣ мусоидат менамояд.

Соҳибкорон нақша доранд, ки оянда дар ин ҷо боз 10 ҳавзи дигар бунёд намуда, парвариши моҳиро ба 10 ҳазор расонанд.

Дар ин мавзеи хушобу ҳавои деҳаи Анзоб бунёди коргоҳи банду басти моҳӣ низ дар назар дошта шудааст, ки ин омил сабаби бо ҷойи кор таъмин шудани сокинони маҳаллӣ ва афзоиши маҳсулоти ватанӣ мегардад.

Таъкид гардид, ки то бунёди ҳавзҳо хоҷагидорон дар қитъаҳои алоҳида дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа парвариши дигар намуди моҳиро ба таври таҷрибавӣ ба роҳ монда, дар рушди ин бахши сердаромад саҳми назаррас мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бо ин роҳ метавон дар ин минтақа саёҳати экологиро густариш бахшид. Зеро ҳамасола ба ин мавзеъ сайёҳони зиёди хориҷию дохилӣ ташриф меоранд.

 Хоҷагидорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармар” дар мавзеи Шаббода ҳамчунин ба хотири таъмини бозори дохилӣ бо асали хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза парвариши занбӯрро ба роҳ монда, дар майдони 50 садяк замин боғи себ низ бунёд кардаанд.

Аснои шиносоӣ бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зикр гардид, ки шуғли асосии сокинони деҳоти Анзоб боғдорию чорвопарварӣ буда, саҳми онҳо дар фаровонии бозор назаррас аст.

Дар ин ҷо маҳсулоти гуногун, аз қабили шир, ҷурғот, қаймоқ, равғани зард, сари шир, қурут, нонҳои хурду калон ва меваҳои шаҳбор ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳама дастранҷи сокинони ин деҳоти дурдасти мамлакат мебошанд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...