(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altНимаи дуюми рӯзи 12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи соли 2021, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.

Таъкид шуд, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни воқеан муқаддасу бузург дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то имрӯз бунёду азнавсозии 6967 иншооту биноҳо ба итмом расидааст, ки 91,9 фоизи нақшаи тасдиқшударо ташкил медиҳад.

Барои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша, инчунин, аҳолӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои боқимонда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти бунёдшаванда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 40,5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла, тавассути амалисозии зиёда аз 50 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 25 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят барои солҳои 2016 – 2020-ум 192 лоиҳа ба маблағи 7,8 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025 татбиқи 243 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар ҷараёни татбиқи барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мушкилоти вобаста ба истифодаи ҳамаҷонибаи имконияту захираҳои мавҷударо бартараф карда, ба ин васила барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони вилоят мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки бо ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ инфрасохтори иҷтимоиву истеҳсолиро беҳтар намуда, ташкили коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, бунёди маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва технопаркҳои замонавиро боз ҳам густариш диҳанд.

Вобаста ба иҷрои босифат ва саривақтии буҷет ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин, масъулини вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дар самти иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ қариб 1,5 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 фоиз зиёд мебошад.

Бонкҳои давлативу саҳҳомӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии низоми бонкии мамлакат вазифдор шуданд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба бахши соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки фаъолияти худро вобаста ба татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар дар самти ташкили корхонаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тақвият бахшида, доир ба таъмин намудани гуногунсамтии истеҳсолот тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, зарур шумурда шуд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои марбута барои ба кор даровардани иқтидорҳои истифоданашудаи корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Илова бар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки якҷо бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сармоягузорон барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти соҳаи саноати истихроҷ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷиҳати коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар дастур дода шуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба масъалаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарор кардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, аз заминҳои обӣ рӯёнидани ду — се ҳосил ва бунёди гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ таваҷҷуҳи махсус равона сохта, тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешанд.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки барои ташкили фермаҳои чорвопарварӣ ва корхонаҳои парандапарварию моҳипарварӣ, хушзоткунии чорво, инчунин, бо дарназардошти хушксолие, ки идома дорад, ҳарчи бештар истеҳсол ва захира намудани хӯроки чорво ва боз ҳам беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ, тамоми имконияту захираҳоро сафарбар созанд.

Дар кори машварат таъкид шуд, ки ба хотири афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар роҳбарони сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои рушди содирот, махсусан, маҳсулоти коркардшудаи дорои арзиши баланди иловашуда тадбирҳои мушаххас андешанд.

Барои рафъи мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла бахши маориф роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои соҳибкорон ҳарчи бештар бунёд намудани муассисаҳои томактабӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон, иҷрои босифати барномаҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани сифати таълим, чораҷӯӣ намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он барои пурра бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамзамон, раиси вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда шуданд, ки бо роҳи бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, дастгириву ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешгирӣ кардани барҳамхӯрии минбаъдаи ҷойҳои корӣ, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар охири кори машварат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастовардҳои шоиста сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб карда, бо итминон иброз доштанд, ки роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва фаъолон бо азму талоши созанда барои амалисозии ҳадафҳои бобарор талоши бештар ба харҷ медиҳанд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти вилоят Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо ҳисобот доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...