(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, роҳбарияти донишкада, олимону донишҷўён конференсияи илмӣ – амалӣи ҷумҳуриявӣ ДПДТТ: “Муаммо ва самтҳои асосии рушди саноати сабуки Ҷумҳури Тоҷикистон ” баргузор гардид.

Конфронсро директори Донишкада Дилафрўз Саидӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки конференсияи имрӯза, ки ба масъалаи рушд ва дурнамои соҳаи саноати сабук дар кишварамон бахшида шудааст, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Андешаи коршиносон, мутахассисон, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамчунин намояндагони корхонаҳои итстеҳсолӣ барои рафъи мушкилиҳои соҳа ва афзун намудани дастовардҳои истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зимни супоришу вазифагузориҳо Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад. Ҳамзамон Сарвари давлат таъкид доштанд, ки: «Шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро водор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулдоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем».

Сипас, Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилоят дар мавзуъи “Самтҳои асосии рушди саноати сабук дар вилоят баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки рушди соҳаи саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кори мавсимиву доимӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он, ҳамзамон бо ин васила баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ асос мегузорад. Бо назардошти ин, саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳадафи чоруми миллӣ қабул гардид. Айни замон дар радифи соҳаи кишоварзӣ соҳаҳои саноати сабук яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид шуд ва таҳаввулоти бузургро аз сар гузаронд. Аз ҷумла дар самтҳои нассоҷию кешбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли матоъ, мебел, пашму пӯст ташаббусу иқдомҳои наҷиби ватандӯстона рӯи кор омада, дар баробари бунёди корхонаҳои нав корхонаҳои мавҷудаи муваққатан аз фаъолият бозмондаву иқтидори истеҳсолиашон камгардида дубора ба кор дароварда ё таҷдиду навсозӣ шуданд.

Таъкид шуд, ки афзалият ва бартарии соҳаҳоии саноати сабуки кишвар, пеш аз ҳама, ба фаровон ва дастрас будани захираи ашёи хом дар дохили кишвар, вобастагӣ надоштан ба воридоти ашёи хом аз хориҷа, таъсис ёфтани шумораи зиёди ҷойҳои нави кор, фароҳам омадани шароиту имконияти васеи бо маҳсулоти хушсифати воридотивазкунанда таъмин намудани аҳолӣ асоснок мешавад. Бартарии дигари соҳаи саноати сабук дар ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани қувваи қобили меҳнат аз ҳисоби бонувон мебошад. Имрӯз дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ нақши дасти муъҷизаофари занону духтарон равшан ба назар мерасад. Рушди соҳаи саноати сабук ҳам имкон фароҳам меорад, ки чи дар шаҳру чи дар деҳот бонувони маҳаллӣ бо ҷои кори хубу аз ҷиҳати ҷисмонӣ начандон вазнин таъмин шаванд. Дар навбати худ ин омил барои паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии оилаҳо мусоидати бевосита хоҳад кард.

Дар ҷараёни конфронс ҳамзамон сармутахасиси раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Мамадҷонов, профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Аскаралӣ Ишматов, профессори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Азизулло Авезов ва даигарон маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ҳоло соҳаҳои саноати сабук бештар дар заминаи коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва нахи он, пила, пашм, тараққӣ намуда, корхонаҳои бофандагию дӯзандагӣ асосан ашёи хоми ватаниро истифода мебаранд. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҷуғрофияи саноати сабуки кишвар танҳо бо коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ маҳдуд мешавад.

Айни замон марҳила марҳила сарулибос, пойафзол, матоъ, қолину маҳсулоти қолинӣ дар бозор ҷои чунин маҳсулоти воридотиро ишғол намуда, қисман баъзе намуди онҳо ба хориҷа низ содирот шуда истодаанд. Ин омил, агар аз як тараф нишонаи рушди соҳаи саноати сабук ва саноати хӯрока бошад, аз ҷониби дигар гувоҳи ба стандартҳои ҷаҳонии сифат ҷавобгӯ ва ба рақобат тобовар будани маҳсулоти болозикр мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ ҳоло маҳсулоти истеҳсоли саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари хориҷии наздику дур содирот карда мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...