(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарбияи хонандагон дар рўҳияи ватандўстӣ, ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, меҳру муҳаббат доштан ба Тоҷикистони азиз бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии пуршукуҳи идона, ки саршор аз маънии худшиносиву ватанпарварӣ буд, баргузор гардид.

Гуруҳи карнайнавозон меҳмононро истиқбол ва ба сўйи хаймаҳои “30 соли дастовардҳои Истиқлолият” раҳнамоӣ сохтанд. Дар 6 адад хаймаҳои орододаи муҳассилини муассиса аз оғози соли Истиқлолият то ба имрўз тамоми муваффақият ва дастоварди сарзамини аҷдодӣ мунъакис гардида буданд. Таъкид шуд, ки халқи тоҷик бо шарафу номус, боварию садоқат, ибтикору ташаббус ва авлавияти манфиатҳои муҳими миллату Ватан таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои мураккаби таърихӣ, бо азхуднамоии арзишҳои миллӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ба давлати рў ба тараққӣ мубаддал гардид.

Албатта, ҷойи ҳеҷ шакку шубҳаи дигаре нест, ки бо дарки воқеияти ҷомеи муосир, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ бо эҷоди ташаккули давлатдории миллӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуданд. Новобаста аз вазъи ноороми мамлакат ва заъфи имкониятҳои мавҷуда, дар давлати мо таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиву бунёдӣ вусъати тоза гирифта, тавассути заҳматҳои содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар ба як давлати рў ба инкишофу тараққӣ мубаддал гардидааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби ҳунармандони чирадасти маҳаллаи "Раззоқ" маҳсули эҷод муаррифӣ карда шуд.

Сипас, барномаи адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “«Шукри 30 соли Истиқлолият» бо танинандозии Суруди миллӣ оғоз гардид.

Хонандагон дар васфи Тоҷикистон, Ватан, Миллат, Президент, Парчам, Забон, Ваҳдат ва ғайраҳо шеърҳои пурмазмун қироат намуданд.

Саҳнаи ҷолиб ва таърихӣ аз ҳаёти мардум дар замони ҷанги шаҳрвандӣ хеле муассир намоиш дода шуд. Муждаи сулҳ ва баҳамоии тоҷикон бо ибтикороти Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дилҳо шавқу сурур бахшид. Таъкид шуд, ки яке аз самараҳои истиқлол ин аст, ки Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Тоҷикистон ин сарзамини аз ниёгон меросмонда, дар роҳи истиқлол қадамҳои устувор ба пеш гузошт.

Рақсҳои мавзун, сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида намуд. Суруди умумии ватандўстона ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Директори муассисаи таълимии миёнаи умумии №27-и шаҳри Хуҷанд Манзура Ёрматова чорабиниро натиҷабардорӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Истиқлолият миёни ҷашнҳои миллии мо мақом ва ҷойгоҳи махсус касб намудаву сол то сол қимати таърихиаш рў ба афзоиш дорад. Зеро ин санаи нодири таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон яке аз рӯйдодҳои муҳиму нодири таърихи навини давлатамон ба ҳисоб меравад. Роҳандозии чунин чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон имкон медиҳад, ки бори дигар мардуми сарбаланди тоҷик решаҳои худро аз гузаштаҳои дур дарёфт карда, пайванди азалӣ доштани хешро ба онҳо эҳсос намуда, устувор гардонанд.

Таъкид гардид, ки бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои арзишманди таърихӣ ва ибтикороти Меъмори сулҳ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудан бамаврид аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар ин муноқишаҳои бесару нӯги дохилӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои фарҳангу хиради баланди азалӣ ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдати пойдор буданд, ҳастанд ва мебошанд.

Дар ин масир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббус ва рафъи мушкилоти масоили умдаи сайёра таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаву абармарди раҳнамунсозаш мақому манзалати муносибе пайдо намуд. Воқеияти аслии дигаре, ки тавассути истиқлолияти давлатӣ барои рушду тавсеаи он имкониятҳои мусоид фароҳам сохт, ин мустаҳкаму устувор намудани пояҳои фарҳанги миллӣ бо иҷрои арзишҳои неки анъанаҳои ниёгонамон мебошад.

Зикр шуд, ки асри ХХI, ки давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи ақли инсонӣ мебошад, ба неруи офарандаву созанда, ҷӯяндаву навовари миллати тоҷик ва ҷавонони бо нангу номуси он аз ҳар вақти дигар бештар ниёз дорад. Маҳз мардуми соҳибфарҳанг ва ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод метавонанд хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд.

Бо таваҷчуҳ ба амалисозии омилҳои зикргардида ва дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ мо бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонону наврасон инкишофу тақвият бахшида, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри нав эмин нигоҳ дорем. Зеро маҳз тавассути соҳибистиқлолии Ватан рушди иқтисоди миллии мо ба марҳилаҳои сифатан нав расида, ба дурнамои устувори бахшҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устувор фароҳам овард.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон тўли солҳои соҳибистиқлолӣ қобили мулоҳиза ва зикри махсус мебошанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи ибратомўзи таърих аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷой орад, ба қадри ин неъмати бебаҳои умумимиллӣ — Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро гузорад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар чорабинии мазкур намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, раиси кумитаи маҳаллаи “Раззоқ, муовини раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, фаъолони маҳалла ва дигарон иштирок намуда, ба сатҳи баргузории чорабинӣ баҳои баланд доданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...