(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз дар яке аз кӯчаҳои навбунёди микроноҳияи 29-и шаҳри Хуҷанд ҷамъомад оид ба расми кушоди лавҳаи хотиравӣ ва номгузорӣ намудани яке аз кўчаи номнадоштаи маҳаллаи Ваҳдат, ба номи Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Зунунхўҷаев баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки зиндагиномаи ҳар як шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон як мактаби таҷрибаи ҳаёт мебошад. Омўзиши ҳаёту фаъолияти онҳо дар тарбияи эҳсоси наҷиби ватандўстӣ, садоқату хизмат ба Ватан ва худшиносии миллӣ зарур аст.Пос доштани хотираи арбобони давлатӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ, ходимони илм, маориф, фарҳанг ва муҳофизони Ватан ба ҳукми анъана даромадааст. Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст соли сипаригардидаистода соли таърихӣ, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бахшида ба ин соли ҷашни номгузории яке аз кўчаи номнадоштаи маҳаллаи Ваҳдат, микроноҳияи 29-ум ва пардабардорӣ аз лавҳаи ёдбуди шахси накўном Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Зунунхўҷаев, дар ҳаёти ичтимоиву фарҳангии шаҳру вилоят рўйдоди воқеан хотирмон мебошад.

Таъкид гардид, ки тибқи дархости аҳли оила ва пайвандон ва дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халыи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум аз 18-уми октябри соли 2012, таҳти №159 оид ба гузоштани лавҳаи хотиравӣ ва номгузорӣ намудани номи кўчаи мазкур ба номи Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Зунунхўҷаев ба тавсиб расидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҳмуд Зунунхўҷаев санаи 1-уми майи соли 1928 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1944 мактаби таҳсилоти миёнаи нопурра ва соли 1944 -1945 курси тайёрии институтро гузашта, соли 1950 институти педагогии шаҳри Хуҷандро хатм намудааст. Солҳои 1950-1955 дар институти муаллимтайёркунии шаҳри Марғилон ва Қўқанди вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ўзбекистон ҳамчун сармуаллим ва мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, аз соли 1955 то соли 1959 нозири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, аз соли 1959 то соли 1964 мудири қисми таълимии мактаб – интернати №1-и шаҳри Хуҷанд ва солҳои 1964 то соли 1973 директори институти такмили ихтисоси муаллимони вилоят, аз соли 1973 то соли 1982 мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва баъдан директори мактаби миёнаи №3-и шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст. Хизматҳои шоёну назарраси Маҳмуд Зунунхўҷаевро ба инобат гирифта бо Ифтихорномаи фахрии Президиуми Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду медалу даҳҳо Ифтихорномаҳои фахрии ташкилотҳои Ҷумҳуриявӣ, вилоятиву шаҳрӣ, нишони “Аълочии маорифи СССР” ва “Аълочии маорифи Ҷумхурии Тоҷикистон” сазовор гардонида шудааст. Маҳмуд Зунунхўҷаев 16-уми августи соли 2010 дар синни 82 солагиаш вафот кардааст.

Дар чорабинӣ роҷеъ ба зиндагиномаи ибратбахш ва хизматҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Зунунхўҷаев сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон Наим Маликисломӣ, собиқадори соҳаи маориф Наима Муъминова, шогирди марҳум Игор Шагаев баромад намуданд.

Сипас аз лавҳаи ёдгорӣ, ки ифодагари номгузории кӯча ба номи Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Зунунхўҷаев буд, пардабардорӣ карда шуд.

Фарзанди Маҳмуд Зунунхўҷаев – Зайниддин Зунунхўҷаев барои гиромидошт ва абадигардонии номи неки ин қиблагоҳаш ба роҳбарияти олии мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки ин иқдмои шоиста барои наслҳои имрӯзи ин даврон, кӯчаву маҳалла ва шаҳри азизамон бори дигар дарси меҳнатдӯстиву меҳанпарастӣ ва садоқат ба Ватан гардида, онҳо давомдиҳандагони кору пайкори аҷдодони хеш мегарданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...