(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади баланд бардоштани ифихори миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ, таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдададориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, фаҳмонидани талаботи Қонуни мазкур дар байни ҷавонон, донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон тибқи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят силсилаи вохӯриву мулоқотҳо доир шуда истодаанд.

Дар ҳошияи ин нақша – чорабиниҳо дар толори калони маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти донишҷӯён бо Музаффар Бобоҷонов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Волидони сарбозон” ва Шарифҷон Азизов, роҳбари Ташкилоти ҷамъияти шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии вилоят доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Зариф Довудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” бо тарҳи нав ба ҳукми қонун даромадааст ва мақсади чорабинии имрӯза фаҳмонидани моҳияти қонун аст.

Музаффар Бобоҷонов зимни баромад баён дошт, ки мувофиқи талаботи қонуни нав донишҷӯёне, ки дар зинаҳои магистратурӣ ва аспиратурӣ таҳсил мекунанд ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд. Он нафароне ҳуқуқи таъхир ба хизмати ҳарбиро доранд, ки дар деҳҷойҳо ба сифати омӯзгор фаъолият доранд, дар хона писари ягона бошад, маҷрӯҳи гуруҳи 1 ва 2 ҳастанд, унвони илмии номзадӣ ё доктори илмҳо аз рӯи ихтисос дошта бошанд. Шаҳрвандоне, ки барои озод шудан ё ба таъхир андохтани муҳлати даъвати ҳуқуқ надорад, метавонад ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағи муаяйн хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ гузаранд.

Дар баромади Шарифҷон Азизов зикр шуд, ки хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам нангу ҳам шараф аст. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи қисмҳои низомии кишвар куллан беҳтар гардида, сарбозон дар шароити мусоид пайи хизмати марзу бум қарор доранд. Аз ин рӯ, қарзи ҷавонмардиро иҷро кардан ҳам фарз асту ҳам қарз. Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин маъракаҳои муҳим фаъолнокӣ зоҳир намоянд.

Аз ҷониби донишҷӯён вобаста ба шароити буду боши хизмат ва паҳлӯҳои қонуни нав суолҳо дода шуда, посухҳои мушаххас дода шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...