(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина Вадим Осипенко ва муовини ширкати мазкур профессор Сергей Семирягин дар доираи сафари кориашон ба вилояти Суғд ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо дастовард ва аз раванди таълиму тарбияи ин маҳзани илм ошноӣ пайдо намуданд.

Дилафрўз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ меҳмононро ба ҳузур пазируфта, нахуст доир ба донишкада ва дастовардҳои он маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ки дар сохтори донишкада 4 факултет, 13 кафедра, 4 марказ ва 9 шуъба амал менамоянд. Дар донишкада ба миқдори умумӣ: 167 синфхонаи таълимӣ, 36 озмоишгоҳи таълиму таҳқиқотӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи лингафонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 технопарк, 3 толори маҷлисӣ, 3 китобхона, 3 қироатхона мавҷуд аст ва дар умум, ба як донишҷӯ 7,03 метри мураббаъ рост меояд. Пешрафти таҳсилу тадрис ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаи муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, он дар радифи сохторҳои дигари марбут ба маорифи кишвар ҳамчунин тавассути муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, танзим ва амалӣ сохта мешавад. Бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳову барномаҳо шуъбаи таълим бо ҳамбастагии дигар шуъбаҳову сохторҳои донишкада якчанд чорабиниҳоро ташкил ва гузаронид, ки мақсади он баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва рушди таҳсилоти олии касбӣ равона карда шуда буд.

Дилафрўз Саидӣ гуфт, ки танҳо соли 2020 аз рӯйи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии иҷронамудаи устодон 5 патент ва шаҳодатномаи зеҳнӣ аз он ҷумла 11 тадбиқи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба даст оварда шудааст. Дар соли 2020 аз тарафи олимони донишкада зиёда аз 11 санадҳои татбиқ гирифта шуд. Соли 2020 аз тарафи омӯзгорони донишкада 259 мақола дар сатҳи гуногун чоп гардидаанд, ки аз онҳо 62 мақола дар маҷаллаҳои аз тарафи КОА эътирофгардида, 107 мақола дар маҷмӯаҳои конференсияҳои байналмилалӣ, 84 мақола дар сатҳи маҷмӯаҳои ҷумҳуриявӣ ва 7 мақола дар Scopus чоп гардидаанд.

Сипас меҳмонон аз озмоишгоҳ, китобхона ва парки технологии донишкада аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои муваффақи донишкада ин Парки технологӣ мебошад, ки барои ҳар чӣ бештари ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқи донишгоҳ ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ нигаронида шудааст. Айни замон заминаи моддию техникии паркро, асосан озмоишгоҳҳои кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, ошхона, сехи дӯзандагӣ дар бинои факултети информатика ва энергетика, ки бо дастгирии донишкада сохта шудааст, устохонаи хизматрасонии компютерӣ ва устохонаи таълимии кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт ташкил медиҳанд. Барои истеҳсоли маҳсулоти нонӣ таҷҳизоти лозима ба кор дароварда шуда, истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ба роҳ монда шуд. Ҳоло маҳсулоти истеҳсолшуда дар ошхона ва ба донишҷӯён ба фурӯш бароварда шуда истодааст. Соли 2020 дар парки технологӣ курсҳои бозомӯзӣ, ба монанди “Дӯхти либос”, “Забони англисӣ” ташкил карда шуданд, ки донишҷӯён ба ин курсҳо иштироки фаъолона доранд. Барои дастгирии бизнес-идеяҳои донишҷӯён парки технологӣ озмун ташкил намуд. Дар озмун унвонҷӯён ва донишҷӯён иштирок намуданд. Аз байни ин озмунҳо 3 лоиҳа аз тарафи парки технологӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Таъкид гарид, ки барои дастгирии идеяҳои инноватсионӣ озмуни дигар ташкил карда шуда, барои дастгирии 3 лоиҳа қарор қабул карда шуд: туҳфаҳои худсохт, таъмири трансформаторҳо ва маҳсулоти дастии бофташуда.

Директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина Вадим Осипенко ва муовини ширкати мазкур профессор Сергей Семирягин бо раёсати донишкада низ мулоқот анҷом дода, таасуроти амиқи хешро аз ин маҳзани илм баён доштанд. Зикр гардид, ки донишкада дар муддати кўтоҳ ба як қатор дастовардҳои арзанда мушарраф гардидааст ва он шоёни таҳсин аст. Бахусус дар самти ихтирооти гуногун ва татбиқи илм дар амалия қадамҳои устувор гузошта шудааст.

Профессор Сергей Семирягин, муовини директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина зикр намуд, ки дастовардҳои донишкада ва маҳсули фаъолияти он намунаи олии таҷриба барои бархе донишгоҳҳои Украина аст. Мо ҳамзамон имкон дорем, ки устодони донишкадаро ба такмили ихтисос фаро гирифта, мубодилаи таҷрибаҳои илмӣ намоем ва дар самти таъсиси корҳои хурди муштарак замина гузорем.

Дилафрўз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ гуфт, ки сирри муваффаққияти донишкада аз иҷрои босамари дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф мебошад. Ҳар як суханронӣ, баромадҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо дастури раҳнамоӣ ва нақшаи фаъолияти рӯимизӣ аст. Мо ҷонибдори рушди бештари ҳамкориҳо ҳастем ва барои густариши равобит дар ҳарду ҷониб имкониятҳои зиёд аст ва бояд аз он фаровон истифода бурд.

Сипас, аз ҷониби Дилафрўз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ Сергей Семирягин, муовини директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳамин тавр, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соҳаи шарикии дарозмуддати истеҳсолӣ ва илмӣ ба таҳия ва татбиқи технологияи муосир ҳамкорӣ намоянд. Ҳамкориҳо бо шаклҳои гуногун пиёда карда шуда, дар якҷоягӣ системаи истеҳсолӣ ва илмӣ таъсис дода, ба ин васила сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи техникии байни ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба сатҳи баланд зарурӣ бардошта хоҳад шуд. Минбаъд ҳарду ҷониб нерӯҳои худро барои ташкили гурӯҳи тадқиқотӣ фаъол ва ҳамоҳанг мекунанд ва барои татбиқи муштараки истеҳсолот ва таҳқиқоти технологӣ равона карда мешавад.

Дар анҷоми мулоқот Дилафрўз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ ба меҳмонон тўҳфаҳои хотиравӣ, ки истеҳсоли ин маҳзани илм аст, тақдим намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...