(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» аз 20 ноябри соли 2020, №1724 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №689 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» дар семоҳаи якуми соли 2021 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ба даромади буҷети маҳаллӣ 59956,1 ҳазор сомонӣ малағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ворид карда шуданд, ки ин таъмини иҷрои нақшаро ба андозаи 108,7 фоиз ва ташкил намуда, нисбати нақша 4734,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда маблағи 12321,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 126,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 2 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин аз ҳисоби андоз аз даромад ба маблағи 819,5 ҳазор сомонӣ кам аз нақша ва андоз аз фоида ба маблағи 1613,6 ҳазор сомонӣ кам аз нақша мебошанд, ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллӣ 2433,1 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд ба маблағи 119457,5 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 2818,5 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 102,4 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 22551,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 123,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 11 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 3 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин аз ҳисоби андоз аз даромад ба маблағи 4553,4 ҳазор сомонӣ кам аз нақша, андоз аз фоида ба маблағи 2225,6 ҳазор сомонӣ кам аз нақша ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ба маблағи 194,2 ҳазор сомонӣ кам аз нақша мебошанд, ки дар натиҷа ба буҷети умумӣ 6973,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати 1 марти соли 2021 маблағи 16520,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати аввали соли сипаришуда ба маблағи 15934,7 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи якуми соли 2021 бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 49808,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он маблағи 49575,0 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин 99,5 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 35722,4 ҳазор сомонӣ ва ё 72,1 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини кормандони муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда, ба истиснои соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба маблағи 27827,2 ҳазор сомонӣ музди меҳнат якҷоя бо андози иҷтимоӣ пардохт карда шуд, ки ин 56,1 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда аз ин ҳисоб қарздориҳо ҷой надорад.

Дар ин давра ба даромади суратҳисоби махсуси муассисаҳои буҷети маҳаллии шаҳр бо назардошти бақия дар аввали сол 5794,0 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин 78,8 фоизи иҷрои нақшаро ташаккул дода, нисбати нақшаи муайяншуда 1562,0 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои ба суратҳисоби махсус воридшуда, барои фаъолияти муассисаҳо 3652,7 ҳазор сомонӣ маблағҳо ба харҷ дода шуданд, ки ин 49,8 фоизи иҷрои нақшаи хароҷоти муассисаҳо мебошад ва сабаби нисбатан паст таъмин гардидани маблағгузориҳои суратҳисоби махсуси соҳаҳои буҷетӣ дар он мебошад, ки ин саривақт пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳо оиди гузаштан аз озмуни харид мебошад ва дар ҳолати пешниҳоди протоколҳои комиссияи тендерӣ маблағгузоии муассисаҳои буҷетӣ саривақт таъмин карда мешаванд.

Дар семоҳи якуми соли 2021 барои маблағгузории сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳри Хуҷанд 9356,7 ҳазор сомонӣ малағҳои буҷетӣ масраф гардиданд, ки ин таъмини иҷрои нақшаро бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба андозаи 100 фоиз ташкил медиҳад.

Аз руи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2021 қарзи кредитории муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр маблағгузоришаванда 15312,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати 1 январи соли 2021 ба маблағи 1500,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қарздориҳо асосан аз ҳисоби хизматрасониҳои коммуналӣ ба маблағи 350,2 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби корҳои барилова иҷронамудаи КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба маблағи 13516,8 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби захираҳои моддӣ ба маблағи 1177,5 ҳазор сомонӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Дар соли 2021 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимии шаҳр барои 35175 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр 44621,6 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини карда шуда, дар семоҳаи якуми соли равон барои ин мақсад 10241,6 ҳазор сомонӣ ва ё 99,6 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати омўзгорон якҷоя бо андози иҷтимоӣ 9425,9 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 92,0 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои таълимии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар соли 2021 мувофиқи буҷети тасдиқкардашудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти томактабиӣ шаҳр барои 8943 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр маблағи 17916,5 ҳазор сомонӣ пешбини карда шуда, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ барои ин мақсад 4347,3 ҳазор сомонӣ ва ё 99,5 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати мураббиён якҷоя бо андози иҷтимоӣ 3856,2 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 88,7 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои томактабии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар соли 2021 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи тандурустии шаҳр ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр барои 185400 нафар аҳолии шаҳр маблағи 16415,9 ҳазор сомонӣ пешбини гардида, меъёри ҳадди ақал ва коэффисентҳои махсуси маблағгузории сарикасии муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ барои як нафар аҳолии вобастакардашудаи шаҳри Хуҷанд 88,54 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба меъёри мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» аз 31 декабри соли 2020, №689 муайян карда шуда 21,54 сомонӣ ва ё 32,1 фоиз зиёд мебошад. Андозаи ҳадди ақали меъёр ба як нафар аҳолии вобастакардашуда барои марказҳои саломатии шаҳрӣ мувофиқи қарори болозикр 67,0 сомонӣ муайян карда шудааст.

Умуман, дар дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ барои маблағгузории сарикасии муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии соҳаи тандурустии шаҳр аз ҳисоби буҷети маҳалӣ 3178,1 ҳазор сомонӣ маблағҳо ба харҷ дода шуданд, ки ин 99,5 фоизи иҷроиши нақшаи хароҷотии муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар ин давра барои маблағгузории корҳои ободонии шаҳр аз ҷумла, р-ўбучини кўчаҳои марказӣ, аз кўчаҳо баровардани партовҳо, дар майдонҳо шинонидани гулҳои ороишӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ, таъмири намои берунаи хонаҳои дар кўчаҳои протоколӣ ҷойгиршуда, фаъолияти бомароми фаввораҳо ва корҳои равшаннамоии кўчаҳо, бо воситаи КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр, ки ҳачун фармоишгари асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои ободонӣ ба ҳисоб меравад, 8571,5 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуданд.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 4734,1 ҳазор сомонӣ жой доштанаш, 20 фоиз ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 946,8 ҳазор сомонӣ ва 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 189,4 ҳазор сомонӣ ҳиссагузориҳо саривақт равона карда шуданд.

Инчунин, мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, дар давоми семоҳаи якуми соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 12,9 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва равона гардид.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2021 ҷиҳати барқарорсозии саломатии 74 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил маблағи 265833 сомони пешбини карда шуда, иҷроиши он 256013 сомониро ташкил дод.

Дар шаҳри Хуҷанд 3 лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ бо маблағи 55,1 млн. доллари ИМА, аз ин ҳисоб 27,8 млн. доллари ИМА малағҳои қарзӣ ва 27,3 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ мебошанд ва бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (минбаъд БАТР) ҷалб карда шуданд, амалӣ гардида истодааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз рӯи Созишномаи қарзии №44753 аз 16 октябри соли 2014 (марҳилаи 3) ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КВДК “Хуҷандобуканал” дар назди БАТР то санаи 12 феврал 179819,51 доллари ИМА аз ҳисоби хизматрасониҳои коммуналии корхона қарз бояд пардохт мегардид, ки то ба ин рўз бо пуррагӣ пардохт гардидааст.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2020 ҷиҳати барқарорсозии саломатии 76 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил маблағи 231796 сомони пешбини карда шуда, иҷроиши он 231796 сомониро ташкил дод.

Дар соли сипаришуда баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №514 «Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нўшокӣ барои солҳои 2008 – 2020» як қатор корҳоро ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нўшокӣ дар соли 2020 дар буҷети маҳаллии шаҳр 2685,5 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ ва маблағи мазкур ба андозаи 100 фоиз аз худ гардида, барои обтаъминкунии аҳолии маҳаллаи Чашма – Арзанаи шаҳри Хуҷанд, дар мувофиқаи бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо вобаста ба обтаъминкунӣ аз тарафи Маъмурияти корхонаҳои сохташавандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ карда шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд 3 лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ бо маблағи 55,1 млн. доллари ИМА, аз ин ҳисоб 27,8 млн. доллари ИМА малағҳои қарзӣ ва 27,3 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ мебошанд ва бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (минбаъд БАТР) ҷалб карда шуданд, амалӣ гардида истодааст.

Дар соли 2020 аз рӯи Созишномаи қарзии № 38746 аз 18 майи соли 2008 (марҳилаи 2) ва аз рӯи Созишномаи қарзии №44753 аз 16 октябри соли 2014 (марҳилаи 3) ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КВДК “Хуҷандобуканал” дар назди БАТР то санаи 15 май ва то санаи 16 ноябр мутаносибан 68383,38 ва 68796,28 ЕВРО, то санаи 12 феврал ва то санаи 12 август мутаносибан 186174,56 ва 193974,66 доллари ИМА аз ҳисоби хизматрасониҳои коммуналии корхона қарз бояд пардохт мегардид, ки ба ҳолати 31 декабри соли сипаришуда бо пуррагӣ пардохт гардидааст.

Аз рӯи Созишномаи қарзии №46288 аз 24 декабри соли 2015 ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КДК «Нақлиёти мусофиркашон»-и шаҳри Хуҷанд дар назди БАТР аз ҳисоби буҷети шаҳри Хуҷанд то санаи 20 май ва 20 ноябр мутаносибан маблағи 773226,38 ва 704292,03 доллари ИМА бояд пардохт мегардид, ки ба ҳолати 31 декабри соли сипаришуда бо пуррагӣ пардохт гардидааст.

Аз рӯи Созишномаи қарзии №41769 аз 25 ноябри соли 2011 (марҳилаи 1) ва аз рӯи Созишномаи қарзии №47477 аз 13 майи соли 2016 (марҳилаи 2) ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ »-и шаҳри Хуҷанд дар назди БАТР мутаносибан то санаи 20 апрел 60979,79 доллари ИМА, то санаи 4 июн 130143,29 доллари ИМА, то санаи 20 октябр 84094,58 доллари ИМА, то санаи 4 декабр маблағи 118864,59 доллари ИМА аз ҳисоби хизматрасониҳои коммуналии корхона қарз бояд пардохт мегардид, ки ба ҳолати 31 декабри соли сипаришуда бо пуррагӣ пардохт гардидааст.

Дар ин давра аз тарафи мутахассисони Раёсати молияи шаҳр тибқи нақшаи корӣ асоснокии пардохти хизматрасонии коммуналӣ ба шахрвандони имтиёзгиранда таҳлил гузаронида шуда, маблағи 10,6 ҳазор сомонӣ нодуруст ба рўйхати имтиёзгирандагон ворид кардани шаҳрвандон муайян карда шуда пардохти маблағи мазкур боздошта шудааст.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...