(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон баргузор гардид. Дар ин озмун шаҳри Хуҷанд мақоми аввалро ба даст овард.

Ҳамчунин шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Дар номинаи «Боғи беҳтарин» — Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, «Гулгашти беҳтарин» — гулгашти назди Сирки давлатӣ, «Вилояти беҳтарин» -вилояти Суғд ва «Гулпарвари беҳтарин» — Гулнигор Ғафурова, корманди Муассисаи давлатии Боғи Ғалаба ҷои аввалро соҳиб гардиданд.

Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони расмии шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, гулпарварон аз гӯшаву канори мамлакат ва сокинону меҳмонон иштирок намуданд.

Дар ин рӯз аз ҷониби намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ, гули лола, намоиши либосҳои рангоранги миллӣ, анвои хӯрокҳои миллӣ, намоиши беназири анвои нонҳои тоҷикӣ, ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модарони тоҷик пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.

Тавре Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз намуд, «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст».

Мавсуф иброз намуд, ки «баргузории озмун эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба тамоми зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Гули лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат мебошад. Парвариши лолаҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад. Асосан гули лола ва Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баёнгари ватани наврӯзии тоҷикон буда, як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум маҳсуб мешавад.

Гули лола ба ҳафт ранг: сурх, сафед, норанҷӣ, суратӣ, бунафшаӣ, сабз ва зард тақсим мешавад. Ҳамаи ин гулбаргҳои рангӣ хатчаҳои сиёҳ доранд. Навъҳои ранги гули лола то дараҷае зиёданд, ки метавон гуфт, ба ғайри ранги қаҳвагӣ дигар тамоми рангҳоро доро мебошад. Баргҳои лола дорои буридагии амиқ ва камаш се қисмат, ё се баргча мебошанд. Ҳамаи гулҳои лолаи худрў дорои се гулбарг ва се косабарги рангин ба шакли гулбаргҳо ҳастанд.

Агар нигоҳе ба таърих андозем, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.

Гули лола танҳо ду моҳ дар сол шукуфон мешавад, яъне замони гулдиҳии он аз охири апрел то аввали июн вобаста ба маҳалҳои гарму салқин идома меёбад. Ва чунин атрофро ҳусну накҳати тоза мебахшад, ки мисраҳои ҷовидонаи Рӯдакии бузург ба ёд мерасад: «Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло…»


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...