(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 сурат гирифт.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2020 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зери таасуроти неку амиқ ва файзбахши сафари навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд қарор дорад, ки он муқаддами фаъолияти пурсамар ва дастоварду пешравиҳои беназир дар остонаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташрифашон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти 3 корхонаи нави саноатӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Боиси тазаккур аст, ки коргоҳҳои нави истеҳсоли равғани зард ва гӯшти парандаи ҶДММ “Субҳи заррин”, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нони соҳибкори маҳаллӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов ва хатти нави технологии коркарди пиёз дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд - Агро” дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат сурат гирифта, самараи неки татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои муқарраргардида ба соҳибкорони ватанӣ мебошад, ки чунин корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ дар мамлакат, хусусан дар шаҳри Хуҷанд бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сокинони зиёд ба шуғли доимӣ ҷалб карда мешаванд. Мусаллам аст, ки ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ба хотири баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаҳои зикргардида ба соҳибкорони ватандӯст ҷиҳати бунёди корхонаи нави тавлидотӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барои боз ҳам афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ ва бештар намудани ҷойҳои нави корӣ маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ду клинникаи хусусӣ: дармонгоҳи “Винир” ва Маркази микроҷарроҳии лазерии чашм “Босира” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки бо таҷҳизоти нодир аз хориҷи кишвар таъмин буда, дар он аксаран мутахасисони ҷавонони баландихтисос фаъолият менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, суръатбахшии истеҳсолот, пешбурди ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ бахшида ба эълон гардидан солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида, давоми соли 2020 ба нишондиҳандаҳои мусбат ва устувор комёб гардид.

Дар давоми соли 2020 қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 196 миллиону 550 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақша амалан 196 миллиону 629 ҳазор сомонӣ ва ё 100,0 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбати нақша ба маблағи 79 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи сипаришуда ба маблағи 13 миллиону 161 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 107,2 фоизро ташкил намуд.

Дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чорўми стратегӣ дар шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.
Баҳри тақвияти иқтидори ин соҳа, теъдоди корхонаҳои истеҳсоли хурду миёнаи шаҳр ба 165 адад расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи сипаригашта 1 адад зиёд шудааст.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли 2020 ба миқдори 1 миллиарду 492 миллион сомонӣ (бо назардошти тақсимоти қувваи барқ ва истеҳсол ва тақсимоти об) маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи гузашта 197 млн. сомонӣ ё 15,2 дар сад зиёд шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба маҷмўи маҳсулоти шаҳрӣ 28,0 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади таъмини рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, баррасӣ намудани масъалаҳои ҳалталаб дар рафти истеҳсолот, инчунин қабул намудани дархосту пешниҳодҳои соҳибкорон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр то имрўз 57 нафар соҳибкорон аз ҷониби роҳбарияти шаҳр қабул гардида, фаъолияти 51 корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли шаҳр мавриди омўзиш қарор дода шуд.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки дар самти ба роҳ мондани ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, дастгирӣ ва амалӣ намудани ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ дар соли 2020 маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки мувофиқи қарорҳои раиси шаҳр ба 29 нафар соҳибкорон барои бунёди 34 адад иншоотҳо, аз ҷумла 4 адад корхонаи истеҳсолӣ, 15 адад биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, 10 адад марказҳои савдову хизматрасонӣ, 3 адад майдончаи варзишӣ ва 2 адад истгоҳи нақлиётӣ бо нуқтаи савдо қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст.

Дар давоми соли 2020 аз тарафи 12 адад ташкилотҳои қарздиҳӣ ва бонкҳо ба маблағи 256 миллиону 640 ҳазор сомонӣ қарзҳо ба 6 ҳазору 605 нафар соҳибкорон дода шудааст, ки аз онҳо 2565 нафарро занон ва 1726 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ назар ба ҳамин давраи сипаригардида 23 млн. сомонӣ ё худ 9,8 фоиз зиёд ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Шаҳрдор вобаста ба тадбирҳои истиқболи сазвори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ иборат мебошад, корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.
Дар мавриди чароғонкунии кўчаву хиёбонҳои шаҳр низ корҳо бо маром идома дошта, дар ин давра, дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 825 адад лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 7 ҳазору 290 метр ноқилу симҳои барқӣ насб карда шуда, 63 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 9 ҳазору 984 метри мураббаъ боми биноҳо, 122 адад даромадгоҳҳо, 6 адад лифтҳо ва 705 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.

Баҳри иҷрои корҳои мумфаршкунӣ, дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд таъмиру мумфаршкунии 32,08 км роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 21,08 км таъмири асосӣ ва 11 км таъмири ҷории роҳҳо ба нақша гирифта шуда, то имрўз 13,5 км роҳҳо аз таъмиру мумфаршкунӣ бароварда шуданд. Ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, дар ин давра, дар самти таъмини устувории экологӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 3 ҳазору 482 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, зиёда аз як миллиону 570 дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ ба монанди буттагули садбарг, хризонтема, виола, кана, тагатес ва 481 ҳазору 195 дона пиёзаки гули лола шинонида шуд.

Дар маҷмўъ, дар асоси 224 банди нақшаи чорабинӣ 473 иншоот сохта ба истифода дода шуда, аз онҳо мувофиқи 130 иншоот ба маблағи 175 млн. сомонӣ ба давраи ҳисоботӣ рост меояд. Аз ин миқдор, аз ҷумла, 8 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 4 муассисаи ташхисию табобатӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 расадхона, 6 бинои истиқоматии баландошёна, 10 майдончаҳои варзишӣ ва бозии бачагона, 1 иншооти хати обрасонӣ, зиёда аз 76 нуқтаи савдою хизматрасонӣ, 10 дигар иншоотҳои гуногун ва таъмиру таҷдиди 13 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба иҷро расонида шуда, дар ин замина 670 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Илова бар ин, дар ин давра дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд зиёда аз 71 адад иншоотҳои гуногуни истеҳсолию маишӣ, аз ҷумла кошонаҳои ҳусн, марказҳои таълимӣ-омўзишӣ, устохонаҳои таъмирӣ ва марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Роҳбари шаҳр гуфт, ки соҳаи маориф яке аз самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар рушди сармояи инсонӣ аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба соҳаи мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Доир ба иҷроиши “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар солҳои 2018-2019 ҳамагӣ 95 адад кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, суруд ва мусиқӣ пурра таҷҳизонида шуданд.

Дар соли 2020 бошад муҷаҳҳазгардонии 10 кабинети фаннӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда, 2 адад кабинети физика, 2 адад кабинети химия, 1 адад кабинети математика ва 4 адад кабинети суруд ва мусиқӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Нақшаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар 2020 90,0 фоиз иҷро карда шуд.

Дар соли 2020 ҳамагӣ 631 нафар хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои мухталиф ширкат варзида, 147 нафари онҳо ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд.

Дар маҳаллаи Мевағул ҶДММ Гимназияи “Эҳёи маънавият” ва дар маҳалаи Сирдарё муассисаи ҶДММ “Институти таълимии ибтидоии Аркон” ба фаъолият оғоз намуданд. Сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пўлотов”, муассисаи томактабии дар маҳаллаи Содирхон Ҳофиз ва азнавсозии муассисаи томактабии №35 идома дорад.

Дар давоми соли 2020 дар шаҳр 85 адад чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-сиёсӣ доир гардида, дар онҳо зиёда 52000 нафар иштирокчиён, аз ҷумла меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд иштирок намуданд.

Аз 30 ёдгориҳои меъмории таърихӣ-фарҳангӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд мавҷуданд, 13 адад ба шумораи ёдгории ҷамъиятӣ, 2 адад ба ёдгории давлатии ҷумҳуриявӣ, 2 адад ба ёдгории маҳаллии шахсӣ, 11 адад ба ёдгории маҳаллӣ ва 2 адади дигар ба ёдгории ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ шомил гардидаанд. Аз ин миқдор 2 адад ёдгориҳои меъморӣ-мақбараи “Шайх Муслиҳиддин”, ва Қалъаи Хуҷанд ба реестри умумибашарӣ тааллуқ дошта, барои ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид гардидани он андешидани чораву тадбирҳои зарурӣ идома дорад.

Айни ҳол, дар шаҳр барои қабули сайёҳон 14 меҳмонхонаҳо бо теъдоди 873 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон 15 адад нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металҳои қимматбаҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд.
Дар давоми соли 2020 ба шаҳри Хуҷанд зиёда аз 11,2 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф оварда, аз мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи соҳаи сайёҳӣ ва муаррифӣ намудани захираҳои он дар тахтаҳои таблиғотии кўчаву хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳо дар мавзўи рушди сайёҳӣ насб карда шуд.

Сипас, ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Афзал Босолиев (ШТР “Азия”), Ӯрунбой Усмонов (“Халқ овози”) Раънои Муҳаммад (маҷаллаи “Кайҳон), Мадина Поччоева (журналисти мустақил) Илҳом Ҳошимов (ШТР “СМ-1”), Ӯғулой Раҷабова (ШТР “7 ситора”), Фарзон Муҳаммадӣ (радиои “Озодӣ”), Ҳалимҷон Ҷӯраев (“ОИ “Азия плюс”) Абдуаҳад Дадобоев (АМИТ “Ховар”), Тоҳир Искандарзода ( Боҷу хироҷ”), Ҷамшеди Маъруф (“Factcheck.tj”), Алишер Охунов (ОИ “Сугднюс”) Алия Хамидулина “ОИ “Азия плюс”, Қамари Аҳрор ( “Спутник”) ва дигарон доир ба самтҳои мухталифии хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла, хизматрасонии коммуналӣ, , пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, тадбирҳои ободонӣ, рушди сайёҳӣ ва нигоҳдошти асолати биноҳои таърихӣ, сохтмони корхонаҳои муштарак, ободонии маҳаллаҳо ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.

Дар поёни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар самти корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум ҳамкории мутақобилаи судмандро ба роҳ монанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...