(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки масоҳати умумиаш 700 гектарро ташкил медиҳад, дар масоҳати 5 гектар боғи нави интенсивии сиёҳолуи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” бунёд карданд.

Бино ба нишондоди мутахассисони соҳа реҷаи шинонидани ниҳоли сиёҳолуи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” 4 ба 2,5 метр буда, дар масоҳати 1 гектар ба миқдори 1000 бех ҷойгир карда мешаванд. Ниҳолони қадпасти сиёҳолу дар такрешаи “Пумиселект” ва “Миробалан С-29” дар Филиали Институти боғутокпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд парвариш карда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки ниҳолони сиёҳолу дар натиҷаи омӯзишу таҷрибаҳои даҳсолаи олимону мутахассисон рӯи кор омадааст. Олимону мутахассисони соҳа дар маҷмуъ 7 намуди олуро мавриди омӯзиш қарор дода, дар натиҷа ҳамин ду навъи сиёҳолуи хушкшавандаи “Стенлей” ва “Венгерка”-ро барои паравариш пешниҳод намудаанд. Баландии ин дарахтон ҳангоми ба воя расидан, ҳамагӣ 3-3,5 метрро ташкил дода, дар шакли қабат ба қабат ва косашакл гузаронида мешаванд. Дар ҳолати дуруст риоя намудани қоидаҳои параваришу нигоҳубин ба намуди шаклдиҳӣ, озуқадиҳӣ, обёрикунӣ, коркарди байни қаторҳо ва дигар корҳои агротехтикӣ ниҳолони қадбасти сиёҳолуи хушкшавандаи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” баъди сеюм соли нашъунамо ба ҳосил медароянд. Ҳосилнокии ин навъи ниҳолҳо дар синни сесолагӣ аз 20 то 40 сентненерӣ, яъне ки аз 1 гектар аз 2 то 4 тонна меваи хушсифати сиёҳолуро дар бар мегирад. Илова бар ин сол аз сол ҳосилнокии ин дарахтон афзоиш ёфта, дар синни 7 солагӣ аз 250 то 300 сентнерӣ, яъне аз 1 гектар аз 25 то 30 тонна мева медиҳанд. Дарахтон метавонанд аз 25 то 40 сол ҳосили фаровони мева диҳанд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар заминаи иҷрои амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати ба роҳ мондани усули инноватсионии боғдорӣ дар кишварамон, аз ҷумла вилояти Суғд даҳҳо гектар боғҳои интенсивии нав бунёд карда шуданд.

Тибқи маълумоти дастрасшуда ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар вилояти Суғд 207 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудаанд, ки аз он 10 гектарашро боғҳои суперинтенсивӣ ташкил медиҳанд.

Боғҳои интенсивӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Шаҳристон Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Мастчоҳ, Панчакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир мебошанд.

Аз 10 гектар боғи суперинтенсивӣ бошад, 5 гектараш дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ниҳоли шафтолу, гелос, себ ва 5 гектари дигар дар ноҳияи Спитамен бо ниҳоли себ ташкил карда шудаанд.

Соли 2021 дар вилоят бунёди боз даҳҳо гектари боғҳои интенсивии нав ба нақша гирифта шуданд, ки 4 гектар боғи интенсивии сиёҳолуи хушкшавандаи навъҳои “Стенли” ва “Венгерка” аз оғози ин иқдоми нек мебошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии ташкили усули инноватсионии боғдорӣ дар баробари таъмини бозори истеъмолии дохилӣ бо меваю сабзавот, баланд бардоштани имкониятҳои содиротии кишварамон дар ин самт мебошад.

Дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз соли 2018 инҷониб паравариши моҳӣ низ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар чор ҳавзи моҳипарварӣ дар масоҳати умумии 1,4 гектар наздик 13 ҳазор сар моҳиҳои навъи “амури сафед”, “пешониғафс” ва “Сазан” парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд.

Дар ҷараёни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба хотири амалӣ намудани “Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба ин ҳавзҳо боз 15 ҳазор сар моҳии навъҳои “амури сафед”, “пешониғафс” ва “сазан” сар дода шуданд.

Ҳамчунин, дар Боғи миллии Ваҳдат ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 200 парандаи фазан сар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...