(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши кишоварзӣ боздид намуданд.

Аҳли заҳмати ноҳия дастовардҳои худро дар самти боғдорӣ ва чорводорӣ дар намоишгоҳи мазкур муаррифӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кишоварзони ноҳия шиносоӣ пайдо намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, феълан дар баробари нигоҳубин ва парвариши боғҳои маъмулӣ дар ноҳия бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бомаром идома дорад.

Боғдорон зимни муаррифии навъҳои гуногуни  дарахтони қадпаст, ки барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ пешбинӣ гаштаанд, иброз доштанд, ки айни замон масоҳати боғҳои интенсивӣ дар ноҳия 90 гектарро ташкил дода, қариб 8 гектари онро боғи суперинтенсивӣ дар бар мегирад.

Маҳсулоте, ки аз чунин боғҳо ҷамъоварӣ мегардад, асосан таъйиноти содиротӣ дошта, дорои сифати баланд, таъми хуш ва шаклу намуди диққатҷалбкунанда мебошанд.

Дар намоишгоҳи мазкур дарахтони қадпасти сиёҳолу, чор навъи шафтолу ва ду навъи зардолу, ки аз ҷониби олимони тоҷик парваришу зиёд намудани онҳо ба роҳ монда шудааст, пешниҳод гардид. Иттилоъ дода шуд, ки боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои маъмулӣ серҳосил буда, ҳамчунин дарахтони он тезтар ба ҳосил медароянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” майдони боғ ва токзор дар ҳудуди ноҳия афзоиш ёфта, ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он зиёд карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ривоҷу равнақ додани боғпарварӣ бо усули нав дар ҳудуди ноҳия баҳои баланд дода, ҷиҳати нигоҳубину парвариши дурусти дарахтони қадпаст ба масъулин маслиҳату дастурҳои муфид доданд.

Аҳли заҳмати  ноҳия дар тадбири мазкур ҳамчунин чорвои хушзотро, ки имрӯз дар хоҷагиҳои кишоварзӣ нигоҳубин ва парвариш карда мешавад, ба намоиш гузоштанд.

Иброз гардид, ки чун дигар минтақаҳои Тоҷикистон тайи чанд соли охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ бо қабули барномаҳои соҳавӣ бахши чорводорӣ рушд карда, саршумори чорвои калони шохдор ва чорвои майда афзоиш ёфт. Аз ҷумла, соли 2020 саршумори чорвои калон дар ноҳия 2873 сар зиёд гардида, теъдоди умумии он  ба 80553 сар расонида шуд.

Дар ҳудуди вилоят “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорвопарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ҳамаҷониба амалӣ гашта, дар ин доира нишондиҳандаҳои хуби рушд ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, соли 2020 саршумори чорвои калони шохдор дар миқёси вилоят ба 669 ҳазору 710 сар расонида шуда, саршумори чорвои майда ба 1 миллиону 574 ҳазору 769 сар баробар гардид, ки нишондоди чорвои майда нисбат ба соли 2019 12 ҳазору 735 сар зиёдтар мебошад.

Дар намоишгоҳи имрӯза навъҳои хушзоти чорвои калони ширдеҳ, аз ҷумла зоти навъи тоҷикӣ, буққаҳои сементал ва говҳои ширдеҳи намуди сементал ба маъраз гузошта шуданд. Ба иттилои кишоварзон, навъҳои хушзоти сементал ба обу ҳавои кишвари мо мувофиқ буда, аз лиҳози самаранокӣ  нисбат ба дигар зотҳо тафовут доранд. Ҳар як модагови навъи мазкур метавонад аз 22 то беш аз 35 литр шир дода, айни замон парвариши сементал дар хоҷагиҳои хурду бузурги ноҳия хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ истеҳсоли шир ва гӯшт низ ба таври назаррас боло рафтааст. Ҳамасола дар ноҳия истеҳсоли шир то ба 972,8 тонна зиёд гардида истодааст.

Дар намоишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ба ҳамин шакл дар ноҳия ҳамчунин парвариши чорвои майда равнақ ёфта, саршумори он дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ноҳия 210 ҳазору 153 сарро ташкил медиҳад. Дар намоишгоҳи имрӯза гӯсфанди “Ҳисорӣ”, гӯсфанди дурагаи “Афғонӣ”, намудҳои маҳаллӣ, ҳамчунин бузҳои серпашми ангорӣ ба маъраз гузошта шуданд. Тавре маълум гашт, дар марҳилаи наслгирӣ аз 100 сар чорвои калони ширдеҳ то 70 сар ва чорвои майда аз 100 сар то 85 сар насл гирифта мешавад, ки ба ин васила саршумори чорво дар ноҳия ҳамасола афзоиш меёбад.

Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин се зоти асп, ду намуди шутур ва қутосро, ки парвариши онҳо дар ноҳия ривоҷ ёфта истодааст, ба намоиш гузоштанд.

Зимни боздид ва суҳбати самимӣ кишоварзон ба Пешвои муаззами миллат барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимиашон нисбат ба соҳаи кишоварзӣ миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда барои рушд додани соҳа, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худии кишоварзӣ бештар заҳмат хоҳанд кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои парваришу афзоиши саршумори чорвои хушзот маслиҳатҳои муфид дода, дар вазъияти феълӣ рушд додани тамоми бахшҳои соҳаи кишоварзиро ҳамчун омили асосии таъмини фаровонии маҳсулот маънидод намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...