(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҷамъбастии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 бо иштироки Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Замира Мансурӣ, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, директорон, ҷонишини директор, методистон ва мураббиёни мактабҳои варзишии шаҳр, собиқадорони соҳаи варзиш, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, гирандагони стипендияи Президентӣ ва ҷавонони фаъоли шаҳр баргузор гардид.

Нахуст Абдувосит Ғафуров, роҷеъ ба фаъолияти гуногунҷабҳаи ҷавонон ва варзиш дар соли сипаригардида маълумоти муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умеду такягоҳи давлат мебошанд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад: «Саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад».

Воқеан, сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳр тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” “Дар бораи тайёрии варзишӣ”, “Дар бораи варзиши кўдакону наврасон” Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Барномаи давлатии тарбияи ватандўстии ва ҳуввияти миллии ҷавонон, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон, Барномаи рушди тарбияи ҷисмон ва варзиш, Барномаи рушди футбол қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо боиси хеле боло гардидани нақши ҷавонон ва варзишгарон дар ҳаёти ҷомеа гардид.

Мусаллам аст, ки таваҷҷўҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи ҷавонон ва варзиш рўз аз рўз зиёд мегардад. Зеро дар замони бархўрди тамаддунҳо ва муқовимат ба даъвату тазодҳои ҷаҳони муосир, насли ҷавон ягона василаи устувор ва сарватест, ки метавонад дар раванди инкишофи худ ба муваффақият ноил гардида, бо дастовардҳои баландӣ варзишӣ муаррифгари давлату миллат гардад. Баҳри амалӣ гардидани нақшаи тасдиқгардида дар соҳаи ҷавонон ва варзиш дар соли 2020, зиёда аз 150 чорабиниҳои сатҳи мухталиф аз қабили вохўриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ, чорабиниву мусобиқаҳои варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва монанди инҳо бо ҷалби беш аз 70 ҳазор наврасону ҷавонон, варзишгарону мухлисон баргузор гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ ба 61 ҳазору 900 нафар расид, ки аз ин миқдор 30 ҳазору 900 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Сиёсати давлатии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери таваҷҷўҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар мақоми хосаи худро касб намуд. Ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва фаъолона иштирок намудан дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро тақозо менамояд.

Бо мақсади расонидани мазмуну моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳр, мактабҳои варзишӣ, кўчаву маҳаллаҳо, маркарҳои савдо ва қисмҳои низомӣ мулоқоту вохўриҳо, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳи баргузор гардиданд, ки дар ҳар як чорабинӣ аз 150 то 300 нафар ҷавонон ва сокинон фаро гирифта шуданд.

Ҳамзамон 40 аксияҳову ҳамоишҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ ва иттилоотӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон амалҳои ифротгароиро маҳкум мекунем!”, “Тарзи ҳаёти солим – интихоби мо ҷавонон!”, “Танзим баракати зиндагӣ!”, “Барои Ватани маҳбубамон хизмат мекунем!”, “Ба Пешвои худ содиқ мемонем!” ва “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!” баргузор гардида, 14650 нафар дар аксияҳои мазкур иштирок ва 9800 дона маводҳои тарғиботӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастраси аҳолӣ гардид.

Бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ аксияи тарғиботӣ - ташвиқотӣ таҳти унвони “Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст!” бо доираи васеи ҷавонони касбу кори гуногун ташкил ва баргузор гардид. Волонтёрон ва ҷавонони фаъол корҳои фаҳмондадиҳиро миёни навинтихобкунандагон, сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногун ба роҳ монда, варақаҳои иттилоотӣ, маълумотномаҳо ва дастурҳои истифодаи умумро ба тақсим ва дар ҷойҳои серодам насб намуданд.

Бо мақсади тарғиби иштироки шаҳрвандон дар маъракаи муҳими сиёсӣ ҷиҳати фарогирии бештар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар саҳифаи бахш маводҳои тарғиботӣ вобаста ба Интихоботи Президенти Тоҷикистон гардид. Саҳифа дар маҷмуъ зиёда аз 1500 нафар аъзои доимӣ дошта, дар он беш аз 40 маводи иттиллоотӣ бо номи “Овози ман ҳалкунанда аст”, “Интихобот нишонаи давлати демократӣ”, “11 октябри соли 2020 – Рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо тарҳи махсус, 45 маводи хабарӣ аз рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳошияи баргузории хонишҳои сиёсӣ дар мавзӯи “Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ” гузошта шуд.

Абдувосит Ғафуров афзуд, ки бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ, ба ин васила тарбия намудани онҳо дар рўҳияи меҳнатдўстию созандагӣ, сазовор таҷлил намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани 1300 рўзи ободонӣ, ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам мекунем!” 26 маротиба шанбегиҳо, ҳашарҳои дастаҷамъона ва корҳои тозагиву ободкорӣ бо иштироки зиёда аз 2400 нафар ҷавонону варзишгарон баргузор гардида, оромгоҳҳо, боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, кўчаву хиёбоноҳо, ҳудуди муассисаҳои варзишӣ, соҳили дарё ва ҷўйбору майдонҳо тоза карда шуданд.

Таъкид гардид, ки бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонони бешуғл ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии ин қишри ҷомеа яке аз масъалаҳои умдаи рўз ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон ва пешигирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ба роҳ монда дар ин давра як қатор чорабиниҳо амалӣ гардида, дар самти тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону духтарон, вохўриву мулоқотҳо дар кумитаи маҳаллаҳо, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус ташкил ва баргузор гардиданд. Дар мулоқотҳо доир ба масъалаҳои сарфаю сариштакорӣ, риояи муқарароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷинояткорӣ, бахусус байни занону духтарон, ҷилавгирӣ аз бегонапарастӣ пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон суханронӣ карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар самти тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сироятӣ миёни наврасону ҷавонон тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ, инчунин як қатор чорабиниҳои мухталифи омўзишӣ – иттиллоотӣ, маърифатию машваратӣ дар шакли семинар - машваратҳо, вохўрию мулоқотҳо, конфронсу мизҳои мудаввар, аксияҳои тарғиботӣ ва чорабиниҳои солимгардонии варзишӣ дар байни наврасону ҷавонон доир гардид. Ҳамчунин, аз ҷониби ҷавонони фаъол силсилаи аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар мавзўи “Солимии ҷавонон – солимии миллат”, “Ҷавонон – ҷонибдори тарзи ҳаёти солим”, “Солимӣ бойгарии миллат”, “Солимӣ мароми мост” ва “Тарғиби тарзи ҳаёти солим – интихоби мо ҷавонон” миёни аҳолӣ баргузор гардиданд.

Дар робита ба ин, машқҳои дастаҷамъона бо мақсади пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардиданд, ки дар маҷмўъ дар давраи ҳисоботӣ 35 маротиба машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирўзӣ ва терренкур таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавонӣ аз варзиш аст” баргузор карда шуда, дар он зиёда 15 ҳазор нафар, сокинон, ҷавонону наврасон, варзишгарону калонсолон ва табақаҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.

Бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 зиёда аз 80 маротиба ҳамоишҳо, аксияҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ дар кўчаву хиёбонҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои савдою бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо ниқобҳои тиббӣ маводҳои антисептикӣ ва муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва варақаҳои иттиллотӣ тақсимот карда шуданд.

Абдувосит Ғафуров дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистию террористӣ иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар ин самт як қатор корҳо аз қабили вохўриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияву ҳамоишҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд.

Аз ҷумла тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак силсила мулоқоту вохўриҳи мақсаднок дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии онҳо аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва беҳдошти тарбияи ватандўстию хештаншиносии ҷавонон 44 маротиба мулоқоту вохўриҳо бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор гардиданд. Дар чорабиниҳо таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар таҳсил ва корҳои ҷамъиятӣ ҳаматарафа фаъол бошанд ва бар ин васила дар раванди ободкориву созандагӣ саҳми назарраси худро гузоранд. Дар замони пурташаннуҷи муосир ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, ҳамеша солимфикру соҳибандеша бошанд ва худро аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб эмин нигоҳ доранд.

Зикр гардид, ки яке аз роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ ин ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш буда, бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеи омма ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳр шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Чун ин метавонад, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ мусоидат намуда, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим равона намояд.

Ҷиҳати таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеи омма ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беш аз 75 чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ, спартакиадаҳо, дави наврўзӣ, веломарафон ва монанди инҳо баргузор гардиданд. Тибқи Нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва бахшида ба санаҳои таърихӣ мусобиқаҳо рўи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, теннис, каратэ – до, таэквандо, варзиши сабук, ушу, гўштини тарзи озод, дзюдо, гўштини юнони-румӣ, гўштини миллӣ, самбо, камарбандӣ, бокс, бадминтон, чавгонбозӣ, шашкаю шоҳмот, шиноварӣ, қаиқронӣ, тенниси рўи миз, муай-тай кикбоксинг ташкил ва гузаронида шуданд.

Сипас аз роҳбарони як қатор мактабҳои варзишӣ пурсиш ба амал оварда шуда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар ҷараёни маҷлис директори Муассисаи давлатии Мактаби варзишии №2-и шаҳри Хуҷанд Муҳаммадҷон Сулайманов аз фаъолияти хеш ҳисобот манзур намуд.

Собиқадори варзиш Ҳамза Пӯлотов низ баромад намуда, дар баробари тавсиф аз натиҷагирӣ ва фаъолияти судманди бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр, ҳамзамон барои пешрафти соҳа фикрҳои хешро баён дошт.

Сипас, Замира Мансурӣ, муовини сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят доир ба бурду бохти ҷавонон ва соҳаи варзиши шаҳри Хуҷанд андешаронӣ намуд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласа ҷамъбаст намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки ҳадафи асосии сиёсати давлат рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳо буда, ташаккул ва рушди шароитҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, барои амали намудани имкониятҳои ҷавонон, тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, тарзи ҳаёти солим ва инкишофи ҷисмонии онҳо маҳсуб ёфта, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди варзиш ва ҷалби бештари аҳолии шаҳр ба тарбияи ҷисмониву варзиш мебошад.

Дар анҷоми ҷаласа ба як қатор фаъолони соҳа барои фаъолияти назаррас Сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...