(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ё худ фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати амалисозии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф””

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 31 январи соли 2020, №1445 Солҳои 2020-2040 – ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд. Ин иқдом дар Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 баён гардида, зимнан таъкид шуд: “Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» иқдоми навбатии мо барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.”

Пеш аз ҳама мехоҳам қайд намоям, ки аз иқдоми пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ шод ва рӯҳбаланд гашта, ин ташаббусро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуданд. Зеро омода намудан муҳандисони муосир, ташаккулёбии салоҳиятҳои касбии онҳо бевосита аз сатҳи азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани тафаккури техникии донишҷӯён тавассути беҳтар намудани сифати омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои илмию тадқиқотӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии донишкада қабул карда шудааст.

Ҳоло дар донишкада вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати ҶТ №427 аз 30 июли соли 2020 ҷиҳати амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” барои солҳои 2020-2025 ва бо дарназардошти нақшаи стратегии рушди донишкада дар давраи 2020-2024 нақшаи чорабиниҳо тартиб додашуда, амлигардонии он оғоз шудааст.

Ман мехостам андешаҳои худро дар доираи 3 самти асосие, ки ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бевосита алоқаманд мебошад, баён намоям:

1.Мустаҳкам намудани пояи моддию техникӣ ва кадрии донишкада;

2.Беҳтар намудани мазмун ва мундариҷаи барномаҳои таҳсилот;

3.Тақвият бахшидан ба фаъолияти илмиву инноватсионии омӯзгорон ва донишҷӯён.

1.1. Пояи кадрӣ.

Бояд гуфт, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мустаҳкам намудани пояи кадрӣ ва моддию техникии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосирро талаб мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки дар 13 кафедраҳои донишкада 181 омӯзгорон дарс медиҳанд, ки 48,5%-и онҳо унвони илмӣ доранд. Аз миқдори умумии омӯзгорони унвондор 45 нафар дар равияи илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ рисолаҳои илмӣ ҳимоя намуданд. Роҳбарияти донишкада барои тарбия кадрҳои ҷавони илмию педагогӣ дар самт илмҳои дақиқ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар давоми 10 соли фаъолияти донишкада зиёда аз 40 нафар устодон рисолаҳои илмиро ҳимоя намуданд. Аз ин миқдор 22 рисола дар самти илмҳои дақиқ ва техникӣ буда, дар Шӯроҳои илмии хориҷи кишвар ва мамлакат ҳимоя шуданд. Дар донишкада барои омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ аз рўи ихтисосҳои техникӣ бо зиёда аз 20 донишгоҳҳои ФР шартномаҳо ба имзо расонида шудааст.

Бо баробари оғоз гаштани фаъолияти КОА дар назди Президенти ҶТ ва шўроҳои диссертатсионӣ дар мамлакат имконият пайдо шуд, ки омўзгорон рисолаҳои илмии худро дар дохили мамлакат ҳимоя намоянд ва ин ба афзудани миқдори ҳимояи рисолаҳо мусоидат кард. Дар се соли охир 2 нафар омӯзгорони донишкада дар шӯроҳои илмии ватанӣ рисолаҳои худро дар равияи илмҳои техникӣ ҳимоя намуданд ва ҳоло боз 3 рисола дар марҳилаи пешазҳимоя қарор дорад.

Новобаста ба пешравиҳо дар таъминоти кадрии фанҳои дақиқ дар донишкада зарурияти омода намудани омӯзгорони унвондор дар самтҳои физика ва химия мушоҳида карда мешавад. Бо назардошти он, ки донишкада мутахассисонро аз фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ (физика, химия, математика, биология ва ғ.) омода намекунад ва ин муаммо дар дигар МТОК ҷой дорад пешниҳод карда мешавад:

• квота барои омодакунии кадрҳо аз фанҳои физики математика, химия ба роҳ монда шавад;

• механизми омодакунии фармоишии кадрҳо дар зинаҳои магистратура ва докторантура ҷорӣ карда шавад;

• шакли фосилавии таҳсил дар докторантура аз рӯи ихтисос ҷорӣ карда шавад;

• омода кардани кадрҳо дар зинаи магистратура ба ду равия ҷудо карда шавад: равияҳои истеҳсолот ва илм;

• ҷудо кардани омода намудани мутахассисони зинаи магистратура дар ду самт: мутахассисони соҳаи истеҳсолот ва соҳаи илм.

Дар ин самт ба ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои ватанӣ ва Академияи миллии ҶТ тақвият бахшида, чораҳои мушаххас андешидан зарур аст.

2.2.Пояи моддию техникии донишкада

Ҳоло дар донишкада 36 озмоишгоҳҳо, 2 сехи истеҳсолӣ ва 1 минтақаи таълимиву таҷрибавӣ фаъолият мекунанд. Бояд қайд намуд, ки танҳо дар 5 соли охир миқдори озмоишгоҳҳо аз 20 ба 36 адад расонида шудааст. Пойгоҳи озмоишгоҳии бунёдшуда имконият медиҳад, ки корҳои илмию тадқиқотӣ дар самтҳои афзалиятноки илм, техника ва технология дар ҶТ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти миллӣ гузаронида шавад, аз ҷумла дар самтҳои истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда, таъминоти бехатарии озуқаворӣ, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва ғ. Дар ин давра озмоишгоҳҳои таҳлили сенсории маҳсулоти хӯрока, таҳлили сифатӣ ва миқдории маҳсулоти хӯрока, таҳлили сифати ғалла ва маҳсулоти ғаллагӣ, истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ, микробиология, экологияи саноатӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, хизматрасонӣ ва ташхиси автомобилҳо, автоматикунонии лоиҳасозии либос ва дигар бунёд ва тармиму таҷдид гаштаанд. Ин озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти замонавии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй ҷиҳозонида шуда, характери инноватсионӣ доранд. Дар ин озмоишгоҳҳо машғулиятҳои амалӣ, лабораторӣ ва мустақилонаи донишҷӯён, корҳои илмию тадқиқотии устодон, магистрантон ва докторантони донишкада гузаронида мешавад. (слайд, суратҳо)

Дар донишкада озмоишгоҳҳои фанҳои физика, химия, микробиология, технологияҳои информатисионӣ мавҷуд буда, бо таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани машғулятҳо мувофиқи барномаи таълим пурра таъмин мебошанд.

Чӣ тавре, ки қайд карда шуд дар донишкада мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои муҳандисӣ омода карда мешавад ва дар самтҳои риёзӣ, физика, химия кадр тайёр карда намешавад. Аз ин лиҳоз, ин озмоишгоҳҳо низ таъиноти таълимӣ доранд.

Дар оянда барои боз ҳам тақвият додани пояи озмоишии донишкада дар солҳои 2020-2024 ба нақша гирифта шудааст:

- ташкил намудани 7 озмоишгоҳҳои нав дар самтҳои “Лоиҳасозии автоматикунонидашудаи либос”, “1С Бухгалтерия”, “Зеҳни сунъй”, “Кори бонкӣ”, “Экология”, “Истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва панир;

- таъмини истифодаи пурраи захираҳои озмоишгоҳҳои мавҷуда, баланд бардоштани сифати корҳои озмоишӣ;

- тақвият додани фаъолияти технопарк.

2.Беҳтар намудани мазмун ва мундариҷаи таълим

Таҷриба нишон медиҳад, ки омодагии мактабии донишҷӯёни курси 1 аз фанҳои математика, физика, химия ба ҳисоби миёна дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳоло раёсати донишкада барои бартарф намудани ин норасогӣ як чанд чораҳоро андешида истодааст, аз ҷумла гузаронидани имтиҳони қобилият байни донишҷуёни курси 1 ва муайян намудани рейтинги онҳо, ҷудо намудани гуруҳҳо вобаста ба сатҳи дониши математика ва таълими он аз рӯи модулҳо (вобаста ба сатҳи мушкилии фан), такрори қисми математикаи элементарӣ дар машғулиятҳои машваратӣ, ҷорӣ намудани хелҳои гуногуни кори мустақилонаи назоратии фанҳои таълимӣ (кори ҳисобию таҳлилӣ, ҳалли масъалаҳо, комплекси корҳои лабораторӣ) ва ғ.

Вале новобаста ба амалӣ намудани ин чораҳо, зарурати зиёд намудани соатҳои таълимии ин фанҳо ба миён меояд. Аз дигар тараф дар доираи кредитҳои мавҷуда соатҳои дарсии ин фанҳо танҳо аз ҳисоби фанҳои тахассусӣ зиёд кардан мумкин аст. Вале ин ба азхудшавии салоҳиятҳои касбии хатмкунанда таъсири манфӣ мерасонад.

Аз дигар тараф, роҳҳои бартараф намудани ин муаммо, ба фикри мо, дар оқилона истифодаи ҳамаи имкониятҳои дохили донишкада, аз ҷумла беҳтар намудани мазмун ва мундариҷаи таълим, истифодаи усулҳои самараноки омӯзиши фанҳо, бештар наздик намудани раванди таълим ба истеҳсолот мебошад.

Ҳоло дар донишкада таҳияи салоҳиятҳои появии ба фанҳои дақиқ вобаста оғоз гардида, роҳҳои интенсивии азхудкунӣ ва самаранок истифодаи соатҳои дарсӣ, механизми назорати онҳо дар курсҳои 1 ва 2 коркард ва амалӣ карда мешавад. (слайди 1)

Номгӯи самтҳои ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои ҳамаи самтҳои таҳсилоти донишкада аниқ намудан зарур аст, то ин ки роҳҳои омӯзиш ва рушди онҳо аниқ карда шавад. Ҳоло дар донишкада самтҳои нави омӯзиш ба монанди зеҳни сунъӣ, логистика ба роҳ монда шудааст.

Бояд феҳристи фанҳоро барои омӯзиш ва рушд мутобиқи ихтисосҳо аниқ карда, барои омӯзиши салоҳиятноки онҳо дар доираи барномаҳои таълимӣ, маҳфилҳои илмиву омӯзишӣ имконот сохта шавад. (слайди 1)

Маводи таълимии нав барои азхудкунии салоҳиятҳои амалии фанҳо аз рӯи феҳристи фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ бояд таҳия карда шавад.

Дар давраи ҳозира яке аз салоҳиятҳои асосии хатмкунандаи МТОК мустақилона азхуд карда тавонистани донишу малака ва салоҳиятҳои нави зарурӣ мебошад. Барои ин салоҳиятҳои зарурии появии ҳар як ихтисосро дар давраи донишгоҳӣ азхуд намудан зарур аст. Пеш аз ҳама ин салоҳиятҳо характери эҷодӣ доштанашон зарур аст. Ба чунин салоҳиятҳо донишҷӯён асосан бо иҷрои лоиҳаҳои хурду калони омӯзишӣ, илмиву тадқиқотӣ ва созандагӣ якҷоя бо омӯзгорону кормандони донишкада соҳиб мешаванд.

Дар ин доира зарур аст, ки барномаҳои таълимии донишкада таҷдид карда шуда, ба онҳо элементҳои омӯзиши даставии лоиҳавӣ васеъ ворид карда шавад. (слайди 2)

Салоҳиятҳои касбии хатмкунандагон нисбати натиҷаҳои фанҳо аз рӯи феҳристи фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ дар стандартҳои таълимии нав бояд таҷдид карда шавад.

Салоҳиятҳои амалии фаннӣ дар силлабуси фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ ва тадбиқи азхудкунии онҳо такмил дода шавад.

Ҳамоҳангсозии мазмуну мундариҷаи таълим бо субъектҳои бозори меҳнат бо роҳи ташкили шуроҳои ҳамоҳангсозӣ аз рӯи самтҳои таҳсилоти донишкада таҳким бахшида шавад.

Чӣ хеле ки маълум аст, асоси тарбия ва таълими фарзанд дар оила ин модар аст. Аз ин лиҳоз барои дар ҳақиқат амалишавии барномаи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар давраи мактабӣ ба маърифати техникии модарон вобастагии калон дорад.

Дар донишкада зарур аст, ки ба ихтисосҳои техникиву технологӣ духтарон бештар ҷалб карда шаванд. Ба ғайр аз ин дар ихтисосҳои иқтисодӣ низ маърифати техникии донишҷӯёни духтарро бо ташкили маҳфилҳо баланд бардоштан зарур аст. (слайди 3)

Ғайр аз он мехостам боз чунин таклифҳоро пешниҳод намоям:

1.Сохтани фонди таклифи омӯзгорони беҳтарини фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз дигар давлатҳо барои такмили ихтисоси омӯзгорон ва магистрантони ихтисосҳои таълими ин фанҳо.

2.Сохтани фонди доимоамалкунандаи грантӣ барои таҳияи онлайн - курсҳои омӯзишӣ, барномаҳои компютерии омӯзишӣ бо забони давлатӣ, зеро барои мактаббачагони болаёқати мактабҳое, ки омӯзгорони онҳоро қаноаткунандаи фанҳои дақиқ надоранд, ин ягона имконот мешавад.

3.Гузаронидани онлайн - озмунҳои шаффофи грантӣ оид ба таҳияи китобҳои дарсӣ, инчунин китобҳои электронӣ.

4.Дар доираи китобхонаҳои электронии (рақамии) мавҷуда сохтани шабакаи китобхонаҳои рақамии бо ҳам алоқаманди ҷумҳуриявӣ ва роҳ додани муассисаҳои таълимӣ барои ғанигардонии фонди маводҳои таълимии шабака ва дар ҳолати ҷойгиршавии мавод онро нашршуда ҳисоб карда, ҳукуқи муаллифиро ҳимоя намудан.

3. Тақвият бахшидан ба фаъолияти илмиву инноватсионии омӯзгорон ва донишҷӯён.

Дар шароити имрӯза фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва инноватсионии МТОК ҳамчун омили асосии омода намудани мутахассисони соҳибкасб ба ҳисоб меравад.

Корҳои илмию тадқиқотии донишкада дар доираи мавзӯъҳои идоравӣ ва фармоишии буҷетӣ иҷро мешаванд. Ҳоло дар донишкада 2 лоиҳаи илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва 14 мавзӯҳои кафедравӣ иҷро шуда истодаанд. 95 фоизи омӯзгорон ба корҳои илмию тадқиқотӣ фаро гирифта шудаанд.

Мавзӯи корҳои илмию тадқиқотӣ ба “Самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 4 декабри соли 2014, №765) тасдиқ шудааст, ба ҳалли муаммоҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти миллӣ нигаронида шудааст.

Танҳо дар соли хониши 2020-2021 10 мақолаҳои сатҳи байналхалқӣ (СКОПУС), зиёда аз 70 мақолаҳо дар нашрияҳои тақризшавандаи КОА ҶТ ва ФР, 4 монография аз чоп бароварда шудааанд, ки онҳо ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ вобаста мебошанд. Дар давоми 2 соли охир зиёда аз 50 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ, 6 нахуспатент гирифта шудаанд.

Ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмию тадқиқотӣ дар донишкада зиёда аз 30 махфилҳои илмию инноватсионӣ амал мекунад, олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида мешавад. Донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

Новобаста аз ин пешравиҳо барои боз ҳам ҷоннок намудани корҳои илмию тадқиқотӣ, ба фикри мо, чунин чораҳои заруриро андешидан зарур аст:

1) Гузаронидани озмунҳои пешакии стипендиалӣ барои хатмкунандагони болаёқати зинаи бакалавриат ва магистратура барои дохилшавӣ ба ихтисосҳои самтҳои фанҳои дақиқ дар зинаи магистратура ва докторантура.

2) Таъмин намудани шаффофияти баргузории олимпиадаҳои фаннӣ. Гузаронидани олимпиадаҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ танҳо бо ҳалли масъалаҳо ва гузаронидани озмоишҳо, на бо воситаи тестҳои кушод.

3) Гузаронидани олимпиада ва озмунҳо барои ҳамаи самтҳои муҳандисиву технологӣ (ба монанди энергетика, сохтмон, нақлиёт, якчанд равияҳои компютерӣ, агротехнология,...) дар МТОК ба монанди олимпиадаҳои фаннӣ.

4) Додани имконот (квотаҳо) ба МТОК барои қабули довталабон дар асоси натиҷаи олимпиадаҳои касбии зимистонаи МТОК байни хатмкунандагони болаёқати мактабҳои миёна аз рӯи ихтисосҳои муҳандисиву технологӣ.

5) Барқарор кардани мактабҳои тобистонаи омӯзиши фанҳо дақиқ.

6) Зиёд намудани маблағи стипендияи докторанти PHD аз рӯи равия ва ихтисосҳои фанҳои муайяншуда, гарчанде миқдори докторантон кам шаванд ҳам, то ин ки докторантон бевосита бо кори тадқиқотӣ машғул шаванд. Ба ғайр аз стипендия дар вақти ба нақшагирӣ ҷудо кардани маблағ барои истифодаи озмоишгоҳҳо, чопи мақолаҳо дар журналҳои байналхалқӣ ва иштирок дар конференсияҳо.

7) Беҳтар намудани маблағгузории соҳа: зиёд намудани ҳиссаи маблағгузорӣ ба корҳои илмию тадқиқотии самти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ иҷро мегарданд (ҷудо намудани квотаи маблағгузорӣ), таъсис додани фондҳои ғайрибуҷетӣ.

8) Пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторй, ки аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси шартномаҳо иҷро карда мешаванд.

9) Паст намудани сатҳи хароҷот барои гирифтани шаҳодатномаҳои зеҳнӣ, нахустпатентҳо.

10) Аз андоз озод кардани лоиҳаҳои самти фанҳои дақиқ дар ҳолати амалигардонии онҳо дар технопаркҳо, инкубаторҳои МТОК.

11) 3иёд кардани конференсияҳои илмии сатҳи гуногун дар самти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо ҷалби олимони ватанию хориҷӣ.

12) Истифодаи механизмҳои ҳавасмандгардонии корхонаҳои истеҳсолӣ барои гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, конструкторию таҷрибавӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ.

13) Сохтани муҳити кории муосир барои тадқиқотҳои техникиву технологӣ ба монанди Сколково дар Россия.

Маҷмуъан метавон гуфт, ки барои расидан ба ин ҳадафи бузурги илму техника имрўз зарурати таҳкими зербинои донишҳои техникӣ ва ба таъкиду ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул додани тафаккури техникии насли наврасу ҷавон пеш омадааст. Ин вазифаи муқаддас дар назди ҳамаи мо, аҳли илму маориф, рисолати бузургу барҷастае мегузорад, то барои мушарраф шудан ба мақсадҳои наҷиб ва ғояву ормонҳои Пешвои миллат аз тамоми иқтидори маънавӣ ва неруи ақлонии хеш барои бунёди фардои ҷомеа истифода намоем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1336
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4712
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6048
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта40583
mod_vvisit_counterҲамин моҳ130756
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта187939
mod_vvisit_counterҲамагӣ5164991