(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСОЛИ НАВ – СОЛИ МУЗАФФАРИЯТҲОИ БЕШУМОР ГАРДАД

Ҳамшаҳриёни азиз!

Мо бо соли 2020-уми милодӣ, ки дар таърихи мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли пурбарор, соли заҳмати содиқона баҳри ободонии Ватани азиз, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегӯем ва соли нави 2021-умро бо умеду орзуҳои нек ва нақшаву ниятҳои созанда истиқбол мекунем.

Дар ин лаҳзаҳои идона ва фараҳбахш ҳамаи шумо, сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷандро бо фарорасии соли нави милодии 2021-ум самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо тансиҳативу дарозумрӣ, рӯзгори ободу осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу менамоям.

Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кишвари мутамаддину пешрафта табдил ёфт. Маҳз бо кӯшишҳои пайваста ва фидокоронаи абармарди миллат Эмомалӣ Раҳмон давлати куҳанбунёди мо имрӯз тозаҷавонӣ дорад.

Сокинони шаҳри Хуҷанд дар соли сипаришуда меҳнати пурсамар намуда, дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳадафмандона талош варзида, чун дигар сокинони шаҳру навоҳии кишвар баҳри истиқболи ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардиданд.

Аз ҷумла, дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода эълон гардидани 1300-рӯзи меҳнати зарбдор дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, соҳибкорони ватандӯсту меҳанпараст садҳо иншооти иҷтимоию маишӣ ва истеҳсолию саноатӣ сохта ба истифода дода шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум заминаи воқеӣ гузошт ва ба ҳусни нотакрори ин Хуршедшаҳр шукӯҳу шаҳомати хоса зам намуд.

Итминони комил дорам, ки дар соли 2021-ум Ватани азизамон боз ҳам ободу шукуфонтар гардида, мушкилоте, ки соли равон ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифт, паси сар хоҳад шуд ва шаҳрвандони фархундатолеъ бо руху илҳоми тоза, дар фазои сулҳу субот ба истиқболи ҷашни бузурги миллат, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созандагию бунёдкориҳои хешро идома хоҳанд дод.

Бо чунин таманниёти нек, бори дигар шумо, ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрику таҳният гуфта, бахти баланду толеъи накӯ ва зиндагии пурнишот орзу мекунам.

Соли нави милодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...