17 Май 2014
Дар партави сиёсати ободкорӣ ва созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муофиқи супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳри Хуҷанд рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад.
Ҳоло тибқи нақшаи таҳиянамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сокинони маркази вилоят пешайвони хонаҳои худро бо тарзу усули мувофиқатшуда бо гулҳои навъи гуногун оро дода, корхонаю муассисаҳо бошанд, бо маслиҳати мутахассисон ороиш дода гулдонҳо мегузоранд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлиси машваратии худ ба масъулини соҳа дастур дод, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин баҳри иҷроиши дастуру супориши мазкур, чораҷӯӣ намуда намуди зоҳирии биноҳои истиқоматӣ, даромадгоҳи корхонаю ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликият, ҳамчунин муассисаҳои соҳаи маориф тандурустӣ, иҷтимоиро бо тарзу намуди хоси шаҳрдорӣ бо гулу гулдонҳо ороиш диҳанд. «Чун намуна роҳбарони сохторҳои зикргардида метавонанд аз тарзу усули ороиши гулу гулдонҳо дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд истифода намоянд.» - таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҳоло аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзеҳои марбут ба мақомоти давлатӣ, ҳокимияти маҳаллӣ зиёда аз 300 дона гулдонҳои зебо гузошта мешаванд.