11 Апрел 2014
«Ҳимояи манфиатҳои миллӣ тартиботи ҷамъиятӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ин ҳомиёни ватан аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими омодагии ҳарбӣ ва шароити хизматчиёни ҳарбӣ эътибори махсус ва ҳамарӯза медиҳанд.»,-қайд намуд дар суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода хамчунин ба 10 нафар аз ҳайати шахсии қӯшунҳои мусаллаҳи Вазорати корҳои дохиларо бо Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонид.
Раҷаббой Аҳмадзода аз шароити сарбозони қисми низомии 3501 дидан намуда, бо онҳо сӯхбати самимӣ анҷом дод.
Баъдан аз ҷониби гурӯҳи хизматчиён намоиши омодагии ҷангӣ ва ҳарбии пешниҳод гардид.