14 Март 2014
Бо мақсади саҳм гирифтан дар корҳои ободонии шаҳри Хуҷанд ва иштирок дар соли «Гулкорӣ ва ободкорӣ» бо ташаббуси роҳбарият ва кормандони газетаи «Согдийская правда» субҳи имрӯз наздик 50 нафар журналистони газетаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Согдийская правда» маҷаллаи «Паёми Суғд», маркази иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, кормандони Ташкилоти Ҷамъиятии «Гуруҳи ташаббускори ҳимояи муҳити зист» дар маҳаллаи 12-ум ва 13-уми шаҳри Хуҷанд наздик 80 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонанд. Чунон,ки сармуҳаррири газетаи «Согдийская правда» Исҳоқҷон Зокиров изҳор дошт, журналистони газетаи мазкур дар ҷашни 80 солагии газетаашон ташаббус намуданд,ки аҳли қалам ва кормандони васоити ахбори омма низ дар корҳои ободонии шаҳри Хуҷанд иштироки фаъолона намуда, кормандон - ҳамкасбонамони худро даъват менамоянд,ки дар корҳои ободонии маркази вилоят бетараф набошанд.
Дар чорабинии мазкур муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов ба журналистон аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори спосмандӣ намуда, ин ташаббуси наҷиби журналистонро қобили пайравӣ номид.