05 Ноябр 2018
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати кориашон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 3-4-уми ноябри соли равон дар мавзеъи майдони театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ гардид.
Нархи як кило гӯшти гов 30 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 33 сомонӣ, шакар 5 сомонию 50 дирам, картошка 0,75-0,80 дирам, асал 20- сомонӣ, пиёз 0,60 дирам, сабзӣ 2-2, 50 дирам арзиш доштанд.
Интизор меравад, ки ярмаркаи мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







