20 Ноябрь 2013
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2013, №АП-2209 «Бо мақсади такмили сохтори мақомоти ҳудудии худфаъолияти ҷамъиятӣ ва таҳкими ҳамкории онҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тариқи таҷрибавӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 16 июли соли 2013, №380 «Дар бораи тасдиқ намудани тақсимоти ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр» номгузорӣ намудани 22 маҳаллаи навташкилшудаи шаҳр, ки аз он 11 тоаш бо номҳои пешина боқӣ монда, 11-тоаш бо номҳои зерин:
маҳаллаҳои 3, 8, 80 солагии Душанбе ва Сано - бо номи Темурмалик
маҳаллаи 12 – бо номи Тиллокон, маҳаллаҳои 13, 16, 18 - бо номи Мевағул маҳаллаҳои 19, 20 - бо номи Суғдиён, маҳаллаҳои 26, 27, 28, 29 - бо номи Ваҳдат маҳаллаҳои 31,32,33 – бо номи Дустии халқҳо,
маҳаллаҳои 34, Хебитат, 15 солагии Истиқлолият - бо номи Навбаҳор, маҳаллаҳои Раззоқ ва Сари Санг - бо номи Раззоқ, маҳаллаҳои Масҷиди Сурх ва Масҷиди Савр – бо номи Масҷиди Савр, маҳаллаҳои Чорчароғ ва Рудакӣ- бо номи Чорчароғ, маҳаллаҳои Тутти калон ва Инқилоб – бо номи Тути калон, номгузорӣ карда хоҳанд шуд.
Ҳамчунин пешниҳоди Комиссия дар бораи иваз намудани номи кучаи Щорс ба номи омузгор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мукаррама Муҳиддинова, кучаи Кутузов ба номи муаррихи шинохтаи тоҷик Ҳасанбой Шарифов, кучаи Бофанда ба номи нависанда Дадоҷон Раҷабӣ, яке аз кӯчаҳои навбунёди микроноҳияи 29-ум ба номи табиби ҳозиқ Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ином Деҳқонов, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба номи адиби барҷастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзам Сидқӣ, Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ ба номи шоири ширинкаломи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба номи шоираи шинохтаи миллат Озод Аминзода дастгирӣ карда шуда, Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд қабул гардид. Минбаъд номҳои кучаю маҳалла ва идораҳои зикргадида бо номҳои нави худ муаррифӣ хоҳанд шуд