04 Июн 2018
Cубҳи 2-юми июн низ бо мақсади ғанӣ ва фаровон намудани дастархони рамазонии мардум дар мавзеъи назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фуруши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ сурат гирифт. Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-30 фисад арзон маҳсулотҳо пешкаш карда шуданд. Масалан нархи гушт 30 сомонӣ, пиёз аз 0, 70 дирам то 1,50 сомон, сабзӣ 1 сомонӣ, шакар 5, 50 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд.
Маҳсулоти қаннодии истеҳсоли шаҳри Душанбе бо нархҳои дастрас низ ба ярмарка манзур карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд