02 Июн 2018
Баъди ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 Асосгузуори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара барои бунёди Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.
Фармоишгари Сохтмони бинои нави 5 - ошёнаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ” Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмони васлкунии рақами 2 -и Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Созанда 2012" мебоошад.
Мавриди зикр аст, ки бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат шумораи муассисаҳои таълимии касбӣ афзоиш ёфта, барои донишҷуён тамоми шароити муосири таълим фароҳам оварда мешавад.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муассисаҳои олии таълимӣ на танҳо барои сокинони ноҳияи Данғара, балки баҳри қонеъ кардани талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хизмат мерасонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ин муассисаи таълимӣ ба пудратчиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.