31 Май 2018
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд рафта, кӯдаконро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кўдакон табрику таҳният гуфта, тӯҳфаҳо тақдим намуданд.
Роҳбари вилоят афзуд, ки дар навбати худ Шумоён мураббиёни хушбахти замони Истиқлолият мебошед, ки дар ин замони осоишта, ба амри дил ба ин кори хайр шабонарӯзӣ заҳмат мекашед. Ин фарзандоне, ки шумоён тарбият медиҳед, оянда номбардори миллату Ватан буда, садоқатмандии хешро нишон медиҳанд.
Барномаи рангини аҳли тарбиятгаарони «Хонаи кӯдакон» табъи ҳозиринро болида намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисаи «Хонаи кӯдакон» яхдон, чангкашак ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд тақдим дошт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд