11 Май 2018
Имрӯз дар театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ маросими видоъ бо Арбоби хунар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, яке аз поясутунҳои театри тоҷик, ҳунарманди забардаст Ислом Саломов сурат гирифт.
Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд изҳори тасаллиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бахусус Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба аҳли пайвандон ва хешу ақрабо расонд.
Мавсуф таъкид сохт, ки Ходими Шоистаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, яке аз поясутунҳои театри тоҷик, ҳунарманди забардаст Ислом Саломов, ки ки бештар аз 25 сол саркоргардони театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ буданд, имрӯз аллакай дар байни мо нестанд. Ин таҳиягари қудратманд давоми умри наздик 80 солаи хеш асарҳои мухталифжанр ва гуногунмавзуъро дақиқкорона ва нуктасанҷона ба саҳна гузошта, муҳити маънавии мардумро ободу ороста менамуд. Ислом Саломов инсони хоксору меҳнатдӯст, яке аз шахсиятҳои соҳибноме, ки дар рушду нумӯъи соҳаи фарҳанг, махсусан театр саҳми арзанда гузоштааст. Натиҷаи заҳмат ва осори ҳунаи ин марди фидокор буд, ки намоишномаҳои «Суруди нотамом», «Лӯлиён», «Ашрофпараст», «Модар нигарон буд», «Хато Анна» ва даҳҳо дигар асарҳои баландмазмунро ба саҳна гузошт, ки муваффақияти чашмрасро пайдо карда, вирди забони тамошобинон гардида буд.
Зикр гардид, ки марҳум Ислом Саломов ба ғайр аз таҳиягари бомаҳорату соҳибистеъдод, ҳамзамон дар нақшофарӣ хеле мумтоз буда, дар намоишномаҳои «Ароба ҳанӯз чаппа нашудааст», «Лӯлидухтар Аза», «Барои Ватан», «Фоҷиаҳои хурд», «Коса» ва ғайраҳо нақшҳои асосиро бомаҳорат ва бо санъати баланд бозидааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







