05 Май 2018
Дар асоси нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2018, бо мақсади тарғибу ташвиқи волейбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр дар давоми соли хониш Лигаи шаҳри Хуҷанд оид ба намуди волейбол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳрӣ таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!» баргузор гардид.
Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов диплом, медал, ифтихорнома, ҷом, ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







