(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Зафаробод боздиди корӣ анҷом дод. Зимни ин сафар Қоҳир Расулзода ба корҳои саҳроӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, бо рафти ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқони ноҳия шинос шуд. Тибқи дурнамои солона кишоварзони ин ноҳия тасмим гирифтаанд, ки 20 ҳазору 400 тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ намоянд. Соли ҷорӣ барои беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед ба ноҳияи Зафаробод  4 ҳазор нафар ҳашарчиён аз шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Ғончӣ ва Шаҳристон сафарбар карда шуданд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба хоҷагии деҳқонии «Даҳкат» ташриф овард.

Дар ин хоҷагӣ кормандони соҳаи тандурустӣ аз муасисаҳои тиббӣ шаҳри Хуҷанд зиёда аз 10 рӯз инҷониб бо ғунучини пахта машғул буданд. Раиси вилоят ҳини сӯҳбату мулоқот бо чинакчиёну ҳашарчиён истифодаи самаранок аз боду ҳавои мусоидро хотирнишон намуда, изҳори боварӣ намуд, кикишоварзони меҳнатқарини зафарободӣ бо кӯмаки дастгирии ҳашарчиён дурнамои солонаро ба иҷро мерасонанд.
Рӯзҳои истироҳат бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чиниакчиёни ихтиёрӣ ба ин ноҳияи пахтакор сафарбар карда мешаванд. Рӯзи шанбеи гузашта гурӯҳи калони ҳашарчиён иборат аз олимону нависандагон, намояндаҳои аҳли фарҳанг, соҳибкорон, коркунони бозор ва занҳои фаъоли шаҳр, зиёда аз  450 нафар барои ҷамъоварӣ намудани ҳосили дастранҷи деҳқон пахта ба заминҳои хоҷагии деҳқонии Зафаробод омаданд. Ҳашарчиён пахтазорро ба майдони корзор табдил додаанд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҳашарчиёнро барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили рӯёнидаи деҳқон бо истифода аз ҳар як рӯзи офтобӣ, даъват намуд.
Ҳашарчиёни шаҳри Хуҷанд ин даъвати роҳбари вилоятро сармашқи кори хеш ҳисобида бо як илҳоми тоза дар пахтазор пахта мечиданд. Дар саҳро намояндагони аҳли фарҳанг бо суруд ба ҳашарчиён неруи илҳоми тоза мебахшиданд.
Сипас Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба Асосиатсияи хоҷагии деҳқонии Зафар ташриф овард.  Дар он ба майдони зиёда аз 52 гектар  пахта кишт карда шудааст. Дар хоҷагии мазкур коркунони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба кӯмаки пахтакорон ҳозир шуда буданд. Коркунони маорифи шаҳри Хуҷанд зиёда аз 10 рӯз инҷониб дар хоҷагӣ бо ҷамъоварии пахта машғул буданд.  Раиси вилоят дар сӯҳбат бо ҳашарчиён аз шароити меҳнат дар саҳро таъминот бо маводи хӯрока ва пардохти маблағи чиниши пахта пурсон шуд. Дар майдонҳои пахтазори ноҳияи Зафаробод алҳол аз шаҳри Хуҷанд зиёда аз 1250 нафар ҳашарчиён ба кӯмакидоимӣ ва дар дигар рӯзҳо боз 450 нафар чинакчиёнии ловагӣ ҷалб карда шуданд, ки то имрӯз зиёда аз 600 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда,ба хирмани«Тиллои сафед» саҳми арзандаи худро гузоштанд.  
Дар интиҳои сафар Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба бошишгоҳи саҳроӣ ташрифовард. Дар бошигоҳ ҳашарчиёни шаҳри Хуҷанд барои истироҳати нисфирузӣ ҷамъ омада буданд.
Раиси вилоят дар назди ҳозирин баромад намуда, барои дастгирии пахтакорони ноҳияи Зафаробод ба ҳашарчиён арзи сипос намуд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ меҳнати чинакчиёни пешқадам бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раиси вилоят қадршиносӣ карда шуд.
Аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд барои болидахотирии ҳашарчиён бо суруду оҳангҳои дилнишин ҳунарнамоӣ намуданд.



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...