21 Феврал 2018
Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони № 16-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кӯдакону мураббиёни ин муассиса ва сарбозони қисми ҳарбӣ чорабинии тарбиявӣ сурат гирифт.
Мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони № 16-и шаҳри Хуҷанд Мавзуна Самадова маҳфилро натиҷагирӣ карда, аз ҷумла таъкид сохт, ки «Дар зарфи 25 сол Аартиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.Имрӯз наврасону ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат хоссатан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохторҳои низомии мо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Вазифаи мо пеш аз ҳама дар вуҷуди кӯдакону наврасон тарбия намудани мафҳумҳои худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию садоқатмандӣ буда, барои расидан ба ҳадаф чунин маҳфилҳоро бештар гузаронем».
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд