31 Январ 2018
Имрӯз шаҳри Хуҷанд бо шаҳрҳои Ганҷаи Ҷумҳурии Озорбойҷон, Оренбурги Федератсияи Руссия, Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, Могилеви Ҷумҳурии Белорус ва Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон алоқаи бародаршаҳрӣ дорад.
Ҷоиз ба қайд аст, ки зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии мардумии Чин санаи 31. 08 17. аз руи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла, протокол оид ба майли истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Тайюани музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расида буд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд