25 Январ 2018
Таҳти ин унвон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд китоби нав рӯи чоп омад. «Армуғони «Сухани халқ»» маҷмӯаи мақолаҳои нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – «Сухани халқ»-ро фаро гирифта, ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии ин ҳафтанома дар матбааи «Ношир» чоп шуд.
Муҳаррири масъули китоб Сарфароз Фаттоҳзода – Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва мураттиби он сармуҳаррири нашрияи «Сухани халқ» Бобоҷон Қурбонов мебошанд.
Нашрияи вилоятии «Сухани халқ» яке аз ҳафтаномаҳои сернуфузи вилоят маҳсуб шуда, бо теъдоди наздики 12 000 адад ба дасти чоп мерасад. Соли ҷорӣ ба таъсисёбии ин рӯзнома 25 сол пур мешавад. Маҷмӯаи мазкур ба ифтихори ин сана рӯи чоп омадааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд