(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Гузориш аз иҷлосияҶавонон дар мадди назаранд

Субҳи рӯзи панҷшанбе, санаи 18-уми июли соли 2013 дар толори Маркази фарҳанги шаҳр Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлис Раҷаббой Каримов иҷлосияро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар кори он бо намояндагӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Мубинҷон Қаюмов иштирок дорад. Ҳамзамон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорону мудирони раёсату шӯъбаҳо ва бахшҳои мақомот, сарварони ташкилоту муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабӣ, раисони маҳалла ва қитъаҳои истифодабарии шаҳр ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд.

Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосия ба кори худ шурӯъ кард.

Раиси маҷлис Раҷаббой Каримов иттилоъ дод, ки аз 40 вакили мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, 37 нафар дар толор ҳузур доранд, 3 нафар бо сабабҳои узрнок иштирок надоранд.

Вакилон нахуст котиботи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорумро дар ҳайати Хайрулло Атамуллоев-вакил аз ҳавзаи интихоботии №3, Онаой Абдуқодирова-вакил аз ҳавзаи интихоботии №15 ва Абдуғаффор Қодиров-вакил аз ҳавзаи интихоботии №25 интихоб карданд.

Сипас рӯзномаи иҷлосия иборат аз 6 масъала тасдиқ гардид.

Аз рӯи масъалаи якум, дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №480 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», қарори Раиси вилояти Суғд аз 20 декабри соли 2011, №399 «Дар бораи тадбирҳои амалӣ Гузориш аз иҷлосиянамудани «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» муовини аввали Раиси шаҳр Иброҳим Иброҳимов ахбор дод. Мавсуф қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои талаботи зерин тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои худтатбиқнамоии талаботи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва маърифатию маънавӣ, семинар-машваратҳо, вохӯриҳо, озмунҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, сӯҳбати атрофи мизи мудаввар, маҳфилҳои мубоҳисавӣ-сиёсӣ ташкил ва гузаронид.

Баҳри ташаккули ҳисси ватанпарастӣ, рушди ахлоқ ва маънавии ҷавонон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ байни хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, гимназияҳо ва Рӯзи дарҳои кушод оид ба шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур аз 34 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр 34 даста иштирок доштанд.

Баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ташкилотҳои ибтидоии ҷавонон, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо бо иштироки раисони иттифоқи ҷавонон вохӯриҳо, семинар-машваратҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, конфронсҳо баргузор гардиданд.

Пас аз шунидани маърӯза ҳозирин масъаларо муҳокима намуданд.

Муовини Раиси вилоят Мубинҷон Қаюмов сабаби кам (ба ҷойи 14 ҳазор 9 ҳазор) бо ҷойи корӣ таъмин намудани ҷавононро пурсон шуд ва аз И.Иброҳимов посухи қаноатбахш гирифт.

Ҳамзамон, аз рӯи ин масъала вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Файзулло Дадоҷонов (аз ҳавзаи интихоботии №7), Зулфия Ашӯрова (аз ҳавзаи интихоботии №19), Самад Файзуллоев (аз ҳавзаи интихоботии №28) ба музокира баромада, ақоиди хешро баён намуданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми иҷлосия, дар бораи ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат ва энергетика, нақлиёту коммуникатсия, хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ раиси комиссия, вакил аз ҳавзаи интихоботии №18 Олимҷон Ҳасанов гузориш дод.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии №14 Акбар Маҳмудов оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ барои ҳозирин ҳисобот дод.

Сипас вакилони мардумӣ лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷандро дар бораи ба мувозинаи идораи сохтмони асосии вилояти Суғд гузаронидани иншооти сохтмонаш нотамоми боғчаи бачагона, воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони Раҳмон Набиев; дар бораи аз таркиби корхонаву муассисаҳои коммуналӣ баровардани биноҳои шӯъбаи безараргардонии худмаблағгузории шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар суроғаи кӯчаи Усмон Ҳайдар-34 барои минбаъд ҷудо намудан ва хусусигардонидан қабул намуданд.

Ҳамзамон, қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд аз 25-уми октябри соли 2012, №523  «Оид ба қатори хонаҳои истиқоматии хизматӣ дохил намудани хонаи Гузориш аз иҷлосияистиқоматӣ»; аз 23-юми апрели соли 2013, №222 «Дар бораи аз мувозина ба мувозина гузаронидани бинои баландошёна»; аз 16-уми июли соли 2013, №380 «Дар бораи тасдиқ намудани тақсимоти ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр»; оид ба ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби буҷети шаҳри Хуҷанд, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд дар асоси қарорҳои Раиси шаҳр аз 16-уми апрели соли 2013 то 18-уми июли соли 2013 тасдиқ карда шуданд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум ба фарҷом расид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...