28 Июн 2016
Озмун аз рӯи шартҳои зерин: саломномаи дастаҳо, эстафета байни дастаҳо – «Ки сӯхторро тезтар хомӯш мекунад?», саҳнача дар мавзӯи «Оташ дӯст ва душмани инсон», саволу ҷавоб тавассути тестҳо ва суруди умумӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор гузаронида шуд. Дар озмун 48 нафар тарбиятгирандагон аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии №31,9,18 ва 33 бо номи дастаҳои «01», «Сипар», «Далерон» ва «Ҷасур» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҳайати ҳакамон ғолибиятро насиби дастаи «Далерон» аз МТТ №18 эълон карданд. Дар ҷамъбаст ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Мавриди зикр аст, ки ин чорабинӣ намояндагони Хадамоти сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд иштирок карда, ба ҳунару истеъдоди кӯдакон баҳои баланд доданд.
Нуъмон Раҷабзода