25 Феврал 2016
Чорабиниро мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматоҷонов ифтитоҳ намуда, паёми шодбошӣ ва табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокдорони ин мусобиқаи интелектуалӣ расонд.
Дар мусобиқа 24 нафар шаҳрвандони синну соли гуногуни шаҳри Хуҷанд ширкат намуда, маҳорати шоҳмотбозии худро тибқи системаи «олимпӣ» намоиш доданд. Баъди се даври мусобиқа ҷойи аввал насиби Анвар Алиев, ҷойи дуюм насиби Ҳайдархон Бақоев ва ҷойи сеюм бошад насиби Маъруф Иномҷонов гардид.
Ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд супорида шуд.