(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Масъулияти бештар дар иҷрои вазифаҶаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷандро Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, ба аъзои шӯрои маълум сохт, ки дар ҷаласа се масъала мавриди баррасӣ ба муҳокимаронӣ қарор мегирад.
Масъалаи якум, оид ба тасдиқи ваколати аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ки намояндаи худро дар Шӯрои ҷамъиятӣ иваз намудааст, пешбинӣ шудааст. Ба сабаби вафоти Ҳошим Осимов, раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Мӯъминҷон Орифов ва бо сабаби иваз шудани ҷойи кори Зулфия Умарова, вазифаи котиби ҳамонҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ бар уҳдаи сармутахассиси шӯъбаи рушди ҷомеа ва робита бо ҷомеаи шаҳр Умеда Сайдуллоева вогузор карда шавад. Оид ба ин масъала Қарор қабул гардид.
Масъалаи дуюм, оид ба нақшаи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд барои соли 2016 пешниҳод ва бо қарор тасдиқ гардид. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ вазифадор гардид, ки баҳри амалӣ намудани нақшаи кори Шӯро тадбирҳои мушаххас андешад.
Аз рӯйи масъалаи саввум, оид ба рафти иҷрои Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 12-уми январи соли 2012, таҳти №16, «Дар бораи амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»» И.И.Султонов, мудири шӯъбаи маорифи шаҳр ахбори муфассал дод. Аз ҷумла, мудири маориф зикр кард, ки айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 37 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз он ҷумла, 30 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ ва шаш муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Дилоро», «Раҳматулло», «Офтобак», «Гулноз», «Раҳнамо», «Навбаҳори Хуҷанд», 1 комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамоянд. Дар маҳаллаи Сари Баландӣ барқарорсозии кӯдакистони №16 барои 200 нафар кӯдак, барқарорсозии кӯдакистони №4 барои 100 нафар кӯдак давом дорад. Дар микроноҳияи 3-юми маҳаллаи Темурмалики бо иштироки Раиси вилояти Сущд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода барои 360-нафар кӯдак як муассисаи замонавии томактабӣ ба истифода дода шуд.
Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2015 аз 22000 кӯдаки синни томактабӣ 9137 нафар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудааст, ки ин 41,6%-ро ташкил медиҳад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 414 нафар мураббӣ ва омӯзгор, аз ин шумор 207 нафар бо маълумоти олӣ, 72 нафар бо маълумоти олии нопурра, 101-нафар бо маълумоти миёнаи махсуси томактабӣ, 34 нафар бо маълумоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд.
Барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ дар соли равон 4 нафар мудири кӯдакистон, 32 нафар мураббӣ аз курси бозомӯзии такмили ихтисос гузаштанд. ҳамчунин баҳри баланд бардоштани маҳорат ва малакаи омӯзгорӣ 83 нафар мураббии ҷавон ба мураббиёни пуртаҷриба вобаста карда шуданд.
Мувофиқи маълумотҳое, ки аз «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012 - 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, то соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд 56-муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошт, ки аз онҳо 39  кӯдакистон тобеъи шуъбаи маориф, 17 кӯдакистон тобеъи ташкилоту корхонаҳо буданд. Аз 39 кӯдакистони тобеъи шуъбаи маориф 7 кӯдакистон аз фаъолият бозмондааст. Аммо, мутассифона, айни замон аз 17 кӯдакистони тобеъи корхонаву ташкилотҳо, танҳо 1 кӯдакистони хусуси №5-и «Дилоро» тобеъи ҶС «Зиннат» фаъолият дораду бас.
Тавре дар боло зикр намудем,-афзуд Илҳом Сулотонов,- то имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр 9137 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта ба 286 нафар зиёд мебошад. Соли равон аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 1070 нафар кӯдак ба мактаб равона карда шуд.
Шумораи кормандон дар 31 муассисаҳои томактабӣ 1151 нафар, дар 6 кӯдакистонҳои хусусӣ 79 нафар, дар умум 1230 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин давра мувофиқи банди сеюми Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ, боми кӯдакистони №25, боми ошхонаи ширхоргоҳ-кӯдакистони №26, боми ошхонаи ширхоргоҳ–кӯдакистони №36, ошхона, анбори маводи озуқа, роҳравҳои комплекс кӯдакистон–мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои №30 аз таъмир бароварда шуда, тарҳи бино, 3–гурӯҳи аз фаъолият бозмондаи ширхоргоҳ–кӯдакистони №29 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъмир карда шуда, ба фаъолият шурӯъ гардид.
Баҳри амалигардонии «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 60 адад компютер, 30 адад принтер, 30 адад принтер 3х1, 60 адад ҒPS 650 VA,  ноутбук Asӯқ 5 адад, гӯштқимакунаки барқӣ 5 адад, деги барқӣ 11адад, плитаи барқӣ 17 адад, яхдон 30 адад, тобаи барқӣ 1 адад, тафдон 2 адад дастрас карда шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани шароити зист ва баланд бардоштани щизонокии маводи озуқа барои кӯдакон соли 2015-ум Раиси шаҳр  Раҷҷаббой Аҳмадзода  аз ҳисоби буҷа  858000 сомонӣ ҷудо намуд,- изҳор кард мудири маориф.
Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр омӯзиши «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020» ба роҳ монда шудааст.  Айни ҳол 31 омӯзгори соҳибтаҷрибаи забони англисӣ ва 35 омӯзгорӣ забони русӣ ба тарбиягирандагон бо истифодаи воситаҳои техникӣ, маводи аёнӣ, фиттаҳои омӯзишӣ, маводи намоишӣ ва тақсимотӣ ба таълиму тарбия машщул аст. Омӯзгорон дониши худро дар иттиҳодияҳои методӣ сайқал медиҳанд, мувофиқи нақшаи корӣ ва барномавӣ фаъолияти хешро пеш мебаранд.
Раванди татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012 - 2016» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад. Аҳли маорифи шаҳр дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия талош хоҳанд кард.
Раиси Шӯро Раҷаббой Аҳмадзода, ахбори мудири маориф И.Султоновро шунида, арз намуд, ки аз сад 60 фисади кӯдакон дар хона тарбия мегиранд. Мақомоти иҷроия талош бар он дорад, ки кӯдакистонҳои нав бунёд намуда, шумори зиёди кӯдаконро ба боғчаҳо ҷалб намояд. Дар интихоби кадрҳо низ талабот бояд ҷиддӣ бошад.
Наим Маликисломов, Раиси {ХДТ дар шаҳри Хуҷанд        таклиф гузошт, ки шумори кӯдакони берун аз шаҳр, ки дар муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд тарбия меёбанд, муқаррар карда шавад, зеро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз буҷа барои таълиму тарбияи кӯдакони шаҳри Хуҷанд маблағгузорӣ мекунад. Таклифи дигари Н.Маликисломов доир ба хӯроки умумии кудакон аст. Хӯрок барои 5-8 кӯдакистон пухта шуда, баъдан тақсим карда шавад. Шояд ин таҷриба натиҷаи хуб диҳад.
Бо иловаи ин таклифҳо Қарори Раис қабул гардид.
Эҳсон Fанихӯҷаев, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба ҳозирин ахбор дод. Зимни маълумот арз кард, ки кимиссатиати ҳарбӣ барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ чораҳои мушаххас андешида истодааст.
М.Қобилов, сардори Шӯрои собиқадорони ҷанги Афғонистон изҳори нигаронӣ намуд, ки ташфиқоту тарғиботи хизмати иштирокчиёни ҷанги Афғонистон хеле кам ба чашм мерасад.Аз ин рӯ, вохӯриву мулоқотҳои аъзои Шӯроро ташкил намудан лозим, то ҳисси ватандӯстиву ҷавонмардии насли наврас такмил ёбад.
Ахбори Эҳсон Fанихӯҷаев ба инобат гирифта шуда, қарор қабул гардид.
Раиси Шӯро Раҷаббой Аҳмадзода, аъзои Шӯроро ба корҳои созандаву бунёдкорона баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президентит кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ даъват намуд ва ба кори ҷаласа хотима бахшид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...